logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. АЗ БОЗДОШТИ ЗАМИНФУРӮШОН ТО ПОРАХӮРӢ ДАР БЕМОРХОНА

Кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зимни андешидани тадбирҳои судманд ришваситонии чанд мансабдорро ошкор карданд.
Ҳабибулло Тағоев, сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷамоати деҳоти “50-солагии Тоҷикистон” - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳанӯз моҳи ноябри соли 2014 аз сокини ноҳия С. Сайфиддинов барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани 0,6 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои деҳаи Ёсумани ҳамин ҷамоат 6 ҳазору 200 доллари амрикоӣ талаб карда мегирад. Номбурда аз ин маблағ 200 долларашро гирифта, боқимондаашро ба муовини раиси ҷамоат Бобоҷон Ғоибов медиҳад.
Абдураҳим Қувватов, замони дар вазифаи муовини сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Вахш буданаш 28 ноябри соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Р. Зокиров даромада, аз ӯ барои ҷудо кардани 0,12 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва омода кардани сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин 9 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифтааст.
Нурмуҳаммад Умронов, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ, аз сокини ноҳия С. Зоидова барои аз вазифаи ҳамшираи тиббии шуъбаи бемориҳои дили беморхонаи мазкур ба вазифаи ҳамшираи тиббии шуъбаи қабул ва ёрии таъҷилии ҳамин беморхона гузарондан аз ӯ ба воситаи котибаи худ Саодат ба сифати пора 200 доллари амрикоӣ талаб кардааст. Санаи 24 июли соли 2017 аз ин маблағ 100 долларашро гирифта, овардани боқимондаи пулро тақозо кардааст.
Ашраф Зардаков, хазинадори шуъбаи муҳосибии беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ, аз ҳисоби маблағҳои хизматрасониҳои пулакии шуъбаҳои дил, ҷарроҳӣ ва таваллуд аз 1 январи соли 2015 то 1 январи соли 2017 аз ҳисоби 107 бемор 31 ҳазору 65 сомониро ба хазинаи беморхона ворид накарда, ба ҷайби худ задааст.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2018    №: 14    Мутолиа карданд: 1281
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед