logo

ҳуқуқ

РИСОЛАТИ МАНУ МО. АЗ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ТО ҲИФЗИ АМНИЯТИ ҒИЗОӢ

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари дигар масоили муҳим мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти хушсифати ғизоӣ мавқеи калидӣ доштанд.
Бо назардошти он, ки ҳифзи амнияти ғизоӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ ва то ҷое боиси нигаронии Пешвои муаззами миллат қарор дошт, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки нисбат ба солимии мардум мавқеи устуворро ишғол карда, иҷрои бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» - ро таъмин намоянд. Дар ин самт ниҳодҳои марбутаи давлатиро, ки ба воридоти маҳсулоти ғизоӣ сару кор доранд, зарур аст, то пеши роҳи дохилшавии маводи пастсифатро гиранд.
Ҳодисаҳои заҳролудшавии шаҳрвандон дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб аҳли ҷомеаро ба ташвиш овард, зеро ин аз беаҳамиятии шахсони масъул ба амал омадааст ва андешидани тадбирҳои ҷиддиро нисбат ба гунаҳгорон тақозо менамояд. Аз тарафи дигар, масъулияти ҳар як мизоҷ бояд баланд бошад ва ҳангоми харидории маводи ғизоӣ аз фурӯшандаҳо ҳуҷҷатҳои лозимиро талаб карда тавонанд.
Масъалаи дигаре, ки дар Паём мавриди шарҳу тафсири амиқ қарор дошт, ин вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва афзоиши амалҳои террористӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ танҳо ба манфиати як гурӯҳи алоҳида ва бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муайяни сиёсӣ содир шуда, ғарази асосии онҳо ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои мавриди назар аст.
Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат ба он таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда, ин раванди номатлубро мавриди таҳлил қарор доданд. Барои тақвияти кор дар ин самт бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 12 ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016 - 2018» қабул гардид, ки ҳадафи асосии он пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию ифротгароист.
Чун тартибот, шахсоне, ки ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ содир мекунанд, ба муҳлатҳои гуногун  аз озодӣ маҳрум мегарданд, ки дар онҳо ташаккул додани муносибати эҳтиромона ба одам, ҷамъият, меҳнат, меъёрҳо, қоидаҳо ва анъанаҳои ҳаёти умумии инсонӣ вазифаи мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошад.
Бо ин мақсад, барномаи махсуси таълими кормандони муассисаҳои ислоҳӣ оид ба омодагии касбии кормандон ҷиҳати такмили роҳу усулҳои пешгирӣ намудани фаъолияти ифротгароиву тахрибкорона аз ҷониби маҳкумшудагон таҳия шуда, чораҳои пешгирикунанда мунтазам амалӣ шуда истодаанд.
Алишер НУРИДДИНЗОДА,
муфаттиши Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ
 ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2018    №: 14    Мутолиа карданд: 1301
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед