logo

номаҳо

СИПОСНОМА

Аз 23 декабри соли 2017 то 2 январи соли 2018 дар шуъбаи патологияи ҳомиладории муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва периматологии ҷумҳурӣ бо таксикози дараҷаи вазнин бистарӣ будам. Аз рӯзҳои аввал дар ин макон худро ба маънои мусбаташ дигаргуна ҳис намудам. Ғамхориву меҳрубонии кормандон, табибонро дида, ҳатто гоҳҳо бемориамро фаромӯш мекардам. Ҳангоми ташхис ва табобат дарк намудан мушкил набуд, ки дар соҳаи худ онҳо мутахассисони варзидаанд. Албатта, дар ин ҳол кас ё худ бемор мутмаин мегардад, ки зуд шифои комил меёбад.
Ман маҳз дар ҳамин муассиса эҳсос кардам, ки чӣ гуна духтурон, момодояҳо ва дигар кормандон бо эҳсоси масъулияти тому ҷиддӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Наметавонам фаромӯш бисозам, ки ҳар субҳ Гулҷаҳон Давлатзода, директори таваллудхонаи рақами 1, муовини ӯ Саломат Муродовна, мудири шуъба Озода Асадуллоевна ба назди мо - беморон омада, ба рафту натиҷаи табобат ошно мешуданд, маслиҳатҳои судбахш медоданд.
Оқибат, он рӯз, яъне 2 январ фаро расиду маро аз беморхона ҷавоб доданд. Мехостам, ки ба назди роҳбарон ва дигар табибону кормандон, ки дар шифо ёфтанам саҳм доштанд, бидароям ва изҳори сипосу миннатдорӣ бинамоям. Аммо ба сабабҳои гуногун ин амал рух надод. Аз ин рӯ, қарор додам, ки изҳори сипосу миннатдориямро ба онҳо ва низ ба мутахассисону кормандон Мавҷуда Комилова, Заррина Бойматова,  Раъно Яъқубҷоновна, Шукрафрӯз Аскаровна, Саодат Рашидова ва дигарон аз тариқи гӯшаи «Шаҳрванд» баён бикунам.
Дилрабо МУРАТОВА, 
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2018    №: 15    Мутолиа карданд: 1451
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед