logo

маориф

ХОҶА БОҒ ДОРӢ? ДОРАМ! Ё МУЛОҲИЗАЕ ЧАНД ДАР АТРОФИ ПАРКҲОИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲҲО

Паркҳои технологӣ ҳамчун муассисаи инноватсионӣ бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат ташкил шуда, ҳадафашон қонеъ гардондани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсиониву инвеститсионӣ мебошад.
 
Таъсис ва фаъолияти паркҳои технологӣ дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» шурӯъ гардид. Тибқи муқаррароти қонуни мазкур, парк аз ҷониби шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, як ё якчанд муассисаи таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, ташкилотҳои саноатии давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъсис ёфта, барои амалӣ намудани мақсадҳо ҳамкориро байни онҳо ба роҳ мемонад.
Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» 8 сол гузашта бошад ҳам, масъулин моҳияти онро пурра дарк накардаанд. Аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар танҳо дар 14 донишгоҳ паркҳои технологӣ таъсис ёфтаанду халос. Аммо аксари ҳамин паркҳо ҳам танҳо ба ном вуҷуд дошта, мақоли машҳури «Хоҷа боғ дорӣ? Дорам!» - ро ба ёд меоранд. 
Лоиқи эътироф аст, ки миёни технопаркҳои мавҷуда технопарки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, ки дар соли 2012 ташкил ёфтааст, нисбатан фаъолтар аст.  Зимни суҳбат Маҳмадамон Абдуллоев, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои хориҷӣ, директори парки технологии донишгоҳ, гуфт, ки айни замон корҳои илмию тадқиқотиро бо корхона ва ташкилотҳо дар асоси шартнома ба роҳ монда, барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҷҳизоти лабораторӣ тайёр карда истодаанд.
- Дар дохили парки технологии донишгоҳ озмоишгоҳи «Энергияи соф» амал мекунад, ки ба таҳқиқ ва истифодаи энергия аз манбаъҳои алтернативӣ машғул мебошад. Аз ҷониби устодони кафедраи «Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳои металлбурӣ ва олот» якчанд дастгоҳи намунавӣ, аз ҷумла насоси гидротаран, дастгоҳи коркарди сангҳои қиматбаҳо, таҷҳизоти озмоишии таълимӣ ва ғайра омода  шудаанд, - зикр кард Маҳмадамон Абдуллоев.
Вале ба қавли  корманди раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Сангов ҳарчанд 14 муассисаи таҳсилоти олии кишвар паркҳои технологӣ таъсис додаанд, аммо аксари онҳо фаъолияти назаррас надоранд. Аз ҷумла, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ғайра. Дар баъзе аз донишгоҳҳо ҳатто сехи дӯзандагӣ, нонвойхона ва курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзиро ҷузъи парки технологӣ ном мебаранд. Ҳамчунин, муассисаҳои таҳсилоти олии касбие низ ҳастанд, ки ба ном паркҳои технологӣ ташкил намудаанд ва сабаби фаъол набудани онҳоро дар  ҷудо нагардидани маблағи кофӣ ва таъмин набудан бо таҷҳизоти муосири технологӣ мебинанд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ далел аст, ки рушди аксари технопаркҳо маҳз ба таъсиси муассисаҳои зертобеи инноватсионӣ (резидентҳо) асос ёфтааст. Барои мисол, дар технопарки Донишгоҳи миллии техникии Беларус 7 корхонаи илмию инноватсионӣ ва 2 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд  таъсис дода шудааст. Резидентҳои технопарк дорои имтиёзҳои махсус дар бахши андозсупорӣ, пардохти боҷи гумрукӣ ва қарзҳои бонкӣ мебошанд. Бинобар ин, масъулинро мебояд, ки дар масъалаи ҷалби резидентҳо ва пешниҳоди имтиёз дар соҳаи андоз, пардохти боҷи гумрукӣ ва қарзҳои бонкӣ тадбирҳо андешанд. Тавсеаи фаъолияти чунин паркҳо ҷанбаҳои зиёди мусбат дорад. Он агар аз як ҷиҳат ҳамчун корхонаи истеҳсолӣ дар ғанӣ гардондани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳм гузорад, аз ҷониби дигар донишҷӯён дар он такмили малака намуда, мутахассиси дар бозори меҳнат рақобатпазир мешаванд.
Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2018    №: 15    Мутолиа карданд: 1228
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед