logo

қарорҳои ҳукумат

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009, № 532, ш. Душанбе Дар бораи тасдиқи Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ

Мутобиқи моддаи 53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Тартиби замимагардидаи интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ тасдиқ карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009, № 532 тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ ИНТИШОРИ РАСМИИ
САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ
ВАЗОРАТҲО, КУМИТАҲОИ ДАВЛАТӢ
ВА ДИГАР МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ

 1) Тартиби мазкур қоидаҳои интишор ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатиро муайян менамояд.
2) Вазоратҳо ва дигар мақомоти давлатӣ санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш, кумитаҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар шакли қарор қабул мекунанд.
3) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ пас аз бақайдгирии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 10 рӯз дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» расман интишор карда мешаванд ва аз рӯзи интишор гардидани онҳо дар рӯзномаи мазкур, инчунин дар маҷаллаи «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор мегиранд.
4) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ё маълумоти дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, мавриди интишори расмӣ қарор нагирифта, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ ва рақамгузорӣ намудан мавриди амал қарор мегиранд.
5) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд, вале бо тартиби муқарраргардида интишор нагардидаанд, ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии мавриди амал қарор нагирифта оқибатҳои ҳуқуқӣ надоранд ва барои танзими муносибатҳои ҳуқуқии дахлдор татбиқи ҷазо нисбат ба шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ асос шуда наметавонанд.
6) Шахсони мансабдоре, ки талаботи Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2534
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед