logo

маориф

ТАКМИЛИ ИХТИСОС. ТАШАББУСИ ОЯНДАСОЗИ ВАЗОРАТ

Курсҳои такмили ихтисоси салоҳиятнокӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳала  оғоз ёфта, зиёда аз 31 ҳазор нафар омӯзгорро фаро гирифт.

Ҳоло дар тамоми ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишӣ оид ба ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият дар таълими як қатор фанҳо шурӯъ шудаанд. Бино ба иттилои сардори раёсати  таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Алиев, иқдоми мазкур дар доираи барномаи «Дастгирии таҳсилоти босифат» - и Иттиҳоди Аврупо дар тамоми ҷумҳурӣ дар се марҳала мегузарад.
Курсҳои омӯзишӣ барои  омӯзгорони фанҳои физика, химия, биология, география ва технологияи инфарматсионӣ пешбинӣ шудааст. Нахуст 250 нафар муррабиёни  маҳаллӣ тайёр карда шуданд ва ҳоло онҳо дар тамоми марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таълими омӯзгорони фанҳои зикршуда машғуланд.
А. Алиев изҳор намуд, ки барои зудтару бештар омӯзондани муаллимон замони гузарондани курсҳоро дар вақти истироҳати зимистонаи хонандагон мувофиқ кунондем, ки ба раванди таълиму тарбия халал нарасонанд. Ба омӯзгорон ҳамчун дастури методӣ намунаи (модули) «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ ва технологияи информатсионӣ» пешниҳод гардидааст.
Бояд қайд кард, ки таълими муносибати босалоҳият дар доираи  ислоҳоти соҳаи маориф гузаронда шуда истодааст. Аз оғози соли таҳсили 2017 - 2018 таълими фанҳои забони тоҷикӣ ва математика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон бо ин усул ба роҳ монда шуданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2018    №: 16    Мутолиа карданд: 1259
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед