logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ф. Тоиров, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва А. Садшоева, ҳуқуқшиноси Бюрои давлатии ҳуқуқии шаҳри Хоруғи ВМКБ ҷавоб доданд.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.


Ман шаҳодатномаи ақди никоҳамро гум  кардам. Барои такроран гирифтани он бояд чӣ кор кунам?
С. Абдураҳмонова, н. Ишкошим

Дар асоси моддаи 11 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар сурати гум кардани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин, корношоям гардидани он шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рӯи аризаи шаҳрванд дар асоси сабти китоби аснод ё китоби метрикӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ва ноҳия ва дар ҳолатҳои истисноӣ аз тарафи бойгонии вилоятӣ ва ҷумҳуриявии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад. Дар кунҷи болои тарафи рости шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ қайди «такрорӣ» гузошта мешавад.
Аз ин рӯ, шумо ҳуқуқ доред, барои гирифтани шаҳодатномаи ақди никоҳи такрорӣ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат намоед.

Кадом мақомоти давлатӣ метавонад синну соли никоҳро кам кунад?
М. Подшоева, н. Шуғнон


Мутобиқи моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти суд ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои истисноӣ дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳро ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад.

Ба як шиносам қарз додам. Барои кафолати баргардондани қарз вай манзили истиқоматиашро ба номи ман ҳуҷҷатгузорӣ карда дод. Ҳоло ҳуҷҷатҳои хонааш дар дасти ман аст. Вале муҳлати баргардондани қарз фаро расида, аз додани он саркашӣ карда истодааст. Ҳамсару кӯдаконаш манзили истиқоматиро холӣ намекунанд. Оё ман метавонам, ки бо роҳи маҷбурӣ аҳли оилаи қарздорро аз хонааш барорам?
Шуҳрат, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа


- Тибқи талаботи моддаи 488 - и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаи харидуфурӯш фурӯшанда уҳдадор аст, ки пас аз гирифтани маблағи арзиши амвол онро ба харидор диҳад ва харидор дар навбати худ уҳдадор аст, ки пас аз пардохти арзиши амвол онро ба соҳибияташ қабул кунад. Аммо, дар байни шумо на шартномаи харидуфурӯш, балки шартномаи қарз ба вуқӯъ омадааст. Агар аҳли оилаи қарздор ихтиёран хонаро, ки ҳамчун кафолати баргардондани қарз ба номи шумо ҳуҷҷатгузорӣ шуда буд, холӣ накунанд, ҳуқуқи маҷбуран баровардани онҳоро надоред. Зеро байни шумо шартномаи қарз ба вуҷуд омадааст ва тибқи шартномаи қарз қарзгиранда танҳо маблағи қарзи гирифтаашро бояд пардохт намояд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2018    №: 16    Мутолиа карданд: 1357
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед