logo

ҳуқуқ

НОБОЛИҒОН. АЗ БЕҲУДАГАРДӢ ТО ҶИНОЯТКОРӢ

Соли 2017 дар мамлакат аз ҷониби ноболиғон содиршавии 690 ҷиноят сабт шудааст, ки дар муқоиса ба як соли пеш се ҷиноят камтар аст. Ҳарчанд ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ҳамагӣ се адад кам шуда, коҳиши чашмрас надорад, вале ин нишондод баёнгари он аст, ки раванди афзоиши ҷинояткорӣ дар байни наврасон боздошта шуд. Зеро дар чанд соли охир нишондиҳандаҳо дар ин самт, тамоюли болоравӣ дошт.
Дар назари аввал ноболиғон, аниқтараш хонандагони макотиби миёна чунин вазифа доранд: саҳар ба мактаб рафта дарс хондан, баъди он дар хона вазифаи хонагиро тайёр кардан. Фароғат кардан, ба корҳои хона ёрӣ доданро низ набояд аз хотир баровард. Аммо рақами дар ибтидо оварда нишон медиҳад, ки баъзеи онҳо аз ин хати маъмулии рафтор берун по мениҳанд. Каҷ по ниҳодан, дарсгурезӣ кардан, дӯстони тасодуфӣ ёфтан, оворагард шудан ноболиғонро то даст задан ба ҷиноят мебарад ва танҳо бо шунидани хабари ин амали онҳо падару модарон аз хоби ғафлат бедор мешаванд, ангушти ҳайрату надомат мегазанд: наход “бачаи боадабу меҳрубонашон, ки шабу рӯз дарс мехонду мӯреро ҳам озор намедод”, ба милиса афтода бошад?
Бешак, яке аз сабабҳои ба роҳи хато рафтани наврасону ҷавонон, “бегонашавӣ”- и онҳо аз оила, ин аз назорату ғамхории волидон дур монданашон мебошад. Кам нестанд падарон, ки  таъмини сарулибос ва ғизои фарзандонро ягона вазифаи худ медонанду тарбияи онҳоро ҳаволаи модарашон мекунанд. Ҳол он ки писари ноболиғ, ҳамеша ба падараш пайравӣ, дӯстӣ кардан мехоҳад. Чун аз ҷониби падар ягон ҳаракате, илтифоте, дастгирие нашуд, ночор худро ба кӯча мезанад. Ба кӯчае, ки он ҷо ба чашми наврасон на дониш, одобу маданият, балки зӯри бозӯ, дағалӣ, бераҳмӣ “арзиш” дорад.
Зимнан, Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳангоми суҳбат изҳор дошт, ки соли 2017 дар маҷмӯъ 14339 ноболиғ барои ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун дастгир шудааст. Аз ин миён 4342 нафар барои оворагардӣ, 2900 нафар дар вақти дарс ба бозиҳои компютерӣ машғул шудан, 355 нафар барои ҳаммолӣ дар бозор, 316 нафар барои кондукторӣ дар нақлиёти мусофиркаш. Шояд волидони ин боздоштагон надонанд, ки фарзанди онҳо, аз ҷумлаи 522 нафаре, ки ба гадоӣ ё 214 нафари испанддудкун мебошанд?
Чӣ хеле мебинем, аксари қонуншикании ноболиғон аз тариқи оворагардӣ ва вақтгузаронӣ дар интернет - кафеҳо сурат гирифтааст. Дар ин байн гадоӣ, ҳамчунин, испанддудкунии онҳо, ки ин ҳам як навъ гадоист, рафторест, ки натиҷаи бевоситаи бепарвоию бемасъулиятии волидон нисбат ба таҳсилу тақдири фарзандони худ мебошад.
Файзиддин Назаров изҳор дошт, ки соли гузашта тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба падару модарон ва масъулин 16823 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол гардид. 10 830 падару модар барои уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардан ба маблағи қариб 1 миллиону 390 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Албатта, ин подоши амал, аниқтараш беамалӣ, бемасъулиятиест, ки барои ноболиғон оқибати ногувор меоварад. Ана,  ҳамин нуктаро волидон, ҳамчунин, омӯзгорон набояд ягон вақт фаромӯш созанд. Зеро сухан аз ояндаи фарзандон, яъне аз ояндаи ҷомеа меравад.
Сафаргул АЛИМОВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2018    №: 19    Мутолиа карданд: 1215
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед