logo

номаҳо

СОКИНИ ПОЙТАХТ НИЗ МАСЪУЛИЯТ ДОРАД

Барои мо – сокинони шаҳри азизамон навкориҳову ташаббусҳои беназири шаҳрдори ҷавон Рустами Эмомалӣ хеле равшану назаррасанд. Бунёди биноҳои баланди муосир, мумфаршгардонии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, сохтмони бозорҳои наву варзишгоҳҳои муосиру муҷаҳҳаз, тармими хонаҳо ва бахусус эҳёву бунёди боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ҳар як сокину меҳмони пойтахтро болидарӯҳ мегардонад. Бештар аз 35 сол аст, ки дар ин шаҳри дилоро таҳсил кардаму зиндагӣ дорам, соҳиби фарзанду набера гашта, ҳоло ҳам ба шогирдонам аз фанни «забон ва адабиёти тоҷик» таълим медиҳам. Дар ҳақиқат, ориёишаҳри мо - Душанбе бо талошҳою заҳмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва навовариҳои шаҳрдори ҷавону маҳбуб Рустами Эмомалӣ симои нав мегирад ва ба шаҳри нуру сафо, меҳру муҳаббату ишқу садоқат табдил мегардад.
Дили кас мехоҳад, ки дар ин боғу хиёбонҳои гулрез шабу рӯз сайр  кунад, фароғат намояду ҳаловат барад. Дар баробари ин, ҳар яки мо бояд кӯшиш намоем, то бо унвони сокини пойтахт сазовор бошем. Хатое ё норасоиро агар дар назди манзил ва кӯча дидем, пайи ислоҳаш  кӯшем, аз ҷониби худ дар ҳалли ин масъала ташаббус нишон диҳем.
Душанбе – пойтахти кишвари азизамон маҳсуб мешавад ва муаррифгари дастовардҳои беназири мост. Ҳар меҳмони хориҷӣ пойтахти Тоҷикистони азизро дида, ба мо ва фарҳангу тамаддуни миллатамон баҳо медиҳад. Маҳз аз ҳамин хотир ҳар яки мо бояд дарк  ва эҳсос намоем, ки дар  сарсабзии  ҳамешагии Душанбе – хонаи орзуву ормонҳоямон масъулем.
Ҷамила РУСТАМОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии № 29 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2018    №: 22    Мутолиа карданд: 1518
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед