ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо Фарҳод Тоиров, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Орифҷон Султонов, адвокати коллегияи адвокатҳои кафолат, мақоми минтақавии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷавоб доданд.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.
Дар асоси шартномаи иҷора манзили истиқоматиеро ба иҷора гирифта, тиҷорати худро оғоз кардам. Пас аз як сол иҷорадеҳ талаб намуд, ки манзилашро холӣ кунам. Дар шартнома муҳлат нишон дода нашудааст. Оё иҷорадеҳ ҳуқуқ дорад, ки аз ман холӣ кардани манзилро талаб кунад?
Соҳибкор аз шаҳри Бохтар
Мутобиқи талаботи моддаи 629 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи иҷора ба муҳлати муайян баста мешавад. Агар дар шартнома муҳлат нишон дода нашуда бошад, дар ин ҳолат шартнома ба муҳлати номуайян басташуда ҳисобида мешавад. Дар чунин сурат тарафҳо дар дилхоҳ вақт метавонанд, ки аз иҷрои уҳдадориҳояшон саркашӣ намоянд ва дар ин бора тарафи дигарро як моҳ пештар огоҳ мекунанд. Аз ин рӯ, иҷорадиҳанда бояд як моҳ пеш аз иродаи худаш оид ба қатъ кардани шартномаи иҷора шуморо огоҳ намояд ва баъди сипарӣ шудани ин муҳлат бояд манзилро ба соҳибияти кироядеҳ супоред. Зимнан, агар шумо иҷорапулиро пешпардохт карда бошед, ҳуқуқ доред онро талаб намоед.
Ман бо ҳамсарам издивоҷи сабтшуда надорам. 15 сол ҳамроҳ зиндагӣ кардем. Аз зиндагии якҷоя соҳиби 2 фарзанд ҳастем. Яке 12 - сола ва дигаре 9 - сола. Чанде пеш ӯ маро талоқ дод. Оё метавонам аз ӯ алимент талаб намоям?
Меҳринисо ҚОБИЛОВА, ноҳияи Лахш
Дар сурате, ки ному насаби фарзандони шумо бо ному насаби шавҳаратон сабт шуда бошанд, пас метавонед бо аризаи даъвогӣ барои гирифтани алимент ба суд муроҷиат кунед. Агар фарзандони шумо бо ному насаби шавҳаратон сабт нашуда бошанд, пас метавонед, барои муқаррар намудани падари онҳо ба суд аризаи даъвоӣ пешниҳод намоед.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2018 №: 23 Мутолиа карданд: 1236