logo

маориф

ТАЪЛИМ. НАҚШИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР РАВАНДИ ОН

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳама паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала  диққати аввалиндараҷа медиҳанд ва борҳо таъкид ҳам карданд, ки «омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад». Чаро? Чунки «тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Бо чунин таъкид ва роҳнамоӣ дастур доданд, ки маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон боз ҳам баланд бардошта шавад. Аз ин хотир, бозомӯзӣ намоянд, аз  курсҳои  такмили ихтисос бигзаранд, забонҳоро омӯзанд ва бо технологияҳои муосир ҳатман ошноӣ дошта бошанд.
Такмили ихтисоси мо - гурӯҳи омӯзгорон ҷиҳати азхудкунии кор бо технологияҳои муосири таълим дар ҳамин асос ба роҳ монда шуд. Курсҳои омӯзишӣ самаранокии касбият ва сифати таълимро дар муассисаҳои таълимӣ марҳила ба марҳила баланд бардошта истодаанд.
Пайваста мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои таҳсилот ба фазои ягонаи ҷаҳонӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълим, махсусан кор бо тахтаи электронӣ ва омӯзиши забонҳо, аз ҷумлаи онҳоанд, ки барои пешрафти мо – омӯзгорон хеле саривақтист. Зеро, оғоз аз соли 2018 бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷараёни таъминсозии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизот ва технологияҳои муосири таълимӣ бояд беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.
Бояд, гуфт, ки барои омӯзондани муаллимон замони баргузории курсҳо дар вақти истироҳати зимистонаи хонандагон мувофиқ кунонда шуд.
Албатта, мақсад аз ин ҳама тарбияи наслест, ки дар баробари доштани дониши муосир бояд, ки дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ба воя бирасад. Аз ин лиҳоз, мо - омӯзгорон кӯшиш менамоем, ки бо баланд бардоштани касбият ва малакаю маҳорати педагогии хеш дар пешрафти насли ҷавони ояндасози Ватани азизамон саҳми арзанда гузошта бошем.
Рӯҳафзо МИРАКОВА,
Фарзиямо  АБДУМАМАДОВА,
омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2018    №: 24    Мутолиа карданд: 1138
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед