logo

ҳуқуқ

ГУМРУК. МУСОДИРАИ 816 КИТОБИ ШУБҲАНОК

Кормандони Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли гузашта дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён чор ҳолати ғайриқонунии воридоту содироти китобҳои гуногунро пешгирӣ карданд.  
Ҳамин тариқ, зимни азназаргузаронии гумрукӣ аз бордони автомашинаи рақами қайди давлатиаш 9259 ЕА02 мансуб ба Абдулбоқӣ Назриев, сокини шаҳри  Бӯстони вилояти Суғд, аз миёни асбобҳои рӯзгори истифодашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ 12 китоби мазмуни динидоштаи чопи Федератсияи Русия дарёфт гардид.
Тибқи хулосаи коршиносони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи китобҳои мазкур бинобар сабаби мутобиқат накардан ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва надоштани иҷозати ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ мебошад.
Аз дохили бағоҷи дастии Абдулоев Ҳаким, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, чор китоби гуногуни шубҳанок дарёфт гардид. Ӯ мехост, ки ин китобҳоро ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид созад. Тибқи хулосаи коршиносон, яке аз ин китобҳо «Канз-ул-Ҳусайн» аст, ки амалҳои сеҳру ҷодуро меомӯзонад.
Пас аз ирсоли парванда ба суди ноҳияи Ҷайҳун ин нафар тибқи моддаи 579-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 750 сомонӣ ҷарима ва китобҳо мусодира шуданд.
Ҳангоми гузарондани муоинаи гумрукии автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс»-и рақами қайди давлатиаш ТҶ 80 37 СТ01, ронандааш шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳазоргул Ҷамагул,  аз болои  халтаҳои семент  аз дохили 6 халта 200 китоби гуногуни дорои  мазмуни тундгароӣ дарёфт шуд.
Дар робита ба ҳолатҳои зикршуда дар асоси моддаи 579 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар алоҳидагӣ парвандаҳо оғоз ва ба судҳо ирсол шудаанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2018    №: 24    Мутолиа карданд: 1190
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед