logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ПАЁМАДИ ГУМРОҲӢ ё марг ё зиндон…
Қасди шомил шудан ба гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ва иштирок дар амалиётҳои ҷангии қаламрави дигар давлатҳо шаҳрвандон И. Сафоев, М. Шарипов ва Қ. Зокировро дар маҷмӯъ 38 солу 6 моҳ пушти панҷара бурд.
И.Сафоев, ки бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 12 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шуд, замони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш, тариқи интернет ба гурӯҳи «Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ» пайваст шуда, зери таъсири таблиғи аъзои иттиҳоди террористии ба ном «Давлатӣ исломӣ» қарор мегирад. Дар ниҳоят 10  апрели соли 2017 бо даъвату маблағгузории «Алишер» ном шахси ба тафтишот номаълум барои шомил шудан ба ин гурӯҳ ва иштирок дар ҷангҳои Сурия тавассути хатсайри Москва – Алма-Ато - Истамбул ба Ҷумҳурии Туркия парвоз мекунад. Номбурда, дар ҳоле ки мехост аз Туркия ба Сурия равад, дар шаҳри Истамбул боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Бар пояи иттилои сомонаи Прокуратураи генералӣ, М.Шарипов ва Қ.Зокиров низ бо ҳамин айб гунаҳкор дониста шуда, бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 13 солӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд.

14 СОЛИ ҲАБС
Муҷозоти боз як заминфурӯш дар ноҳияи Рӯдакӣ

Суди ноҳияи Рӯдакӣ заминсози Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳия Т. Сироҷовро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳо гунаҳкор дониста, ӯро 14 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, Т. Сироҷов бо истифода аз ваколати мансабӣ моҳҳои март, апрели соли 2014, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ Ш. Комилов барои ҷудо намудани қитъаи замини хоҷагии деҳқонии “Нуриддин” - и ҳамин ҷамоат бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Ш. Алиев 20000 доллари амрикоӣ гирифтааст. Ӯ бо истифода аз техникаи компютерӣ қарорҳои баръало қалбакӣ тайёр намуда, ба Ш. Алиев аз ҳудуди хоҷагии номбурда 1,30 гектар замини корами обиро ғайриқонунӣ ҷудо намудааст.
Бар пояи ҳукми суд, ҳамчунин, Т. Сироҷов аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ ба муҳлати панҷ сол маҳрум гардида, аз ҳисоби ӯ зарари расондашуда дар ҳаҷми 20000 доллари амрикоӣ ба фоидаи давлат рӯёнда шуд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2018    №: 24    Мутолиа карданд: 989
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед