logo

туризм

ҲИКМАТИ ЯК ТАШАББУС Ё ЧАНД ОМИЛИ РУШДИ ВОҚЕИИ ТУРИЗМ

Охири соли гузашта дар чойхонаи  мунаққашу зебои шаҳри Панҷакент, ки шояд тимсолаш дар мамлакат камшумор бошад, бо гурӯҳи рӯзноманигорон ва соҳибкорон аз мамолики гуногун, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон даъват кардааст, суҳбат доштам.
Масъули ширкатҳои сайёҳии Арабистони Саудӣ ба тарҳ ва кандакории ин бино бо ҳавас ва таваҷҷуҳи хосса менигарист ва ба саволҳои зиёдаш оид ба ҳунари мардуми тоҷик, ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои табиии Тоҷикистон ҷавоб гирифтан мехост.  Ин макон маркази сайёҳӣ ва фароғатии «Чойхонаи сайёҳат» ном гирифтаасту бо талошу кӯшишҳои яке аз собиқадорони соҳаи сайёҳии мамлакат, сарвари ширкати «Панҷакент интур» Муҳаммадрасул Шарифбадалов бунёд шудааст. Ба меҳмонон, хосса маркази иттилоотии сайёҳии ширкат, ки бозгӯкунандаи имкониятҳои сайёҳии диёр аст, писанд омад.
Барои рушди сайёҳӣ ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои табиӣ муҳиманд, вале танҳо бо инҳо таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ҷалб намудан душвор аст.
Муҳаммадрасул Шарифбадалов, ки собиқаи беш аз чилсолаи кор дар ин соҳаро дорад, мегӯяд, ки эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавриди хубест, барои ҷустани тадбирҳо, омода намудани заминаҳо барои рушди соҳа. Дар ин робита, эълони озмун байни вилояту шаҳрҳо барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ барои хизматрасонии шоиста ба сайёҳон ва ҷалби бештари онҳо, рӯзноманигорон барои тарғиби захираҳои сайёҳӣ, айни муддаост. Гузашта аз ин, таҳияи хатсайрҳои нав бо ҷалби муаррихон, ҷуғрофидонҳо, кӯҳнавардон ва мутахассисони соҳа, ки аз кӯҳҳои Фон, Сари Хосор, Бешаи Палангон, Чилучорчашма, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Бадахшон, шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб ва  Панҷакент убур мекунанд, ҳамчунин, нашри китобҳо бо харитаи ин хатсайрҳо ба забонҳои  гуногун, муҳайё намудани шароити хуби  пазироӣ ва гусели сайёҳон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, фурудгоҳҳо, таҳияи армуғонҳо аз ҳунарҳои мардумӣ,  китобҳои ҷайбӣ аз осори бузургон бо забонҳои гуногун, хушкмеваҳо барои сайёҳон бо дарҷи номи давлат, ташкили мағозаҳо барои сайёҳон, ки ин ҷо аз хайма то либосу зарфҳо, хӯрокҳои консервонида ва дигар ҷиҳози барои саёҳат зарурӣ дастрас бошад, аз ҷумлаи тадбирҳоеанд, ки бе хароҷоти зиёд, роҳандозӣ кардан мумкин аст.
- Имсол гурӯҳи сайёҳони фаронсавиро ба Бадахшон роҳнамоӣ намудам, - ба хотир меорад  М. Шарифбадалов. – Он ҷо бархе аз сокинон дар сари  роҳи хатсайрҳои сайёҳӣ хонаҳояшонро барои пазироии сайёҳон омода намудаанд. Ҳарчанд шароити онҳо на ҳамеша ҷавобгӯи талаботу эҳтиёҷи сайёҳон аст, вале ин корро дар ҳама хатсайрҳои кӯҳӣ бо ҷалби сокинон, бо додани имтиёз дар ҷудо намудани қитъаи замин, тарҳи миллӣ ва шароити созгор ташкил намудан мумкин аст. Таҷрибаи сокинони деҳаҳои Артуч, Ворӯ, Рашнаи Панҷакент, ки маркабҳояшонро барои кашондани бори сайёҳон ба кироя медиҳанд, собит месозад, ки он ҳам як манбаи хуби даромади сокинони деҳот буда метавонад. Ҳамчунин, ширкатҳои сайёҳӣ метавонанд худи мардумро барои қабули сайёҳон дар хонаҳояшон талқин намоянд. Хуб мебуд чунин шахсон ба таври содда бо гирифтани патент, бе ташвиши зиёд ба ин кор машғул шуда тавонанд.
Тавре мусоҳиби ман мегӯяд, бисёр сайёҳони хориҷӣ мехоҳанд дар фурсати кӯтоҳ аз Мурғоб, Қарокӯл, Кӯли Сарез, кӯҳҳои Фон ва дигар мавзеъҳо дидан намоянд ва омода ҳастанд, барои ин аз чархболҳо истифода кунанд. Инро ҳам месазад биозмоем.
Масъалаи дигаре, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат қарор гирад, ин ташкили Хадамоти наҷот барои сайёҳон аст. Чун аксари хатсайрҳои сайёҳии мо аз кӯҳистон убур мекунанд, эҳтиёҷ ба чунин гурӯҳи зудамали наҷотдиҳӣ низ ҳаст.
Чанде баъд Наврӯзи Аҷам ба сарзамини мо қадами сабзи худро бо рақсу суруд, хони наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ мегузорад. Ин мавридест, ки месазад ҳазорон нафар сайёҳи хориҷиро пазироӣ намоем, онҳоро бо расму оини миллӣ ошно созем. Бо муаррифии огоҳонаю оқилонаи ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои нотакрори табиат, ташкили инфрасохтори  мусоид  Тоҷикистонро метавонем ба наврӯзгоҳи сайёҳони хориҷӣ табдил диҳем.
Т. СОЛЕҲЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2018    №: 24    Мутолиа карданд: 1306
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед