logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТИ ТАКРОРӢ. СИЁВУШ ЗАБИРОВ 10 СОЛ ЗИНДОНӢ ШУД

Гарчанде Сиёвуш Забиров худ дорои маълумоти ҳуқуқшиносист, вале аз ҷинояти қасдонаи қаблан содиркардааш вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ибрат нагирифта, такроран дар ҳолати ретсидиви одӣ ҷинояти қасдона содир намудааст.

Сиёвуш Забиров бори нахуст бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тибқи моддаи 200 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 7 моҳ бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардида буд.
Боиси таассуф аст, ки Сиёвуш аз чунин амали нангин сабақ нагирифта, бо гузашти се моҳ бо Умед ном нафар, ки шахсияташ то ҳол номаълум мондааст, дар шаҳри Норак вохӯрда, барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маслиҳати пешакӣ карданд. Дар натиҷа, ӯ миқдори муайяни маводи нашъаоварро аз Умед ғайриқонунӣ гирифта, 12 октябри соли 2017 ба соҳибияти  харидорони шартӣ додааст. Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ - кимёвии Раёсати ташхисӣ-(экспертӣ) криминалистии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 575 аз 26 октябри соли 2017 маводи аз ӯ гирифташуда воситаи нашъаовари навъи афюн буда, 1004 (як ҳазору чор)  грамм вазн дошт. Бо идома додани чораҳои оперативӣ барои дастрас кардани  маводи нашъаовар аз ҷониби харидорони шартӣ ба С. Забиров боз маблағи 8000 сомонӣ супурда шуд. Маҳкумшуда ин навбат низ аз Умед мухаддирот гирифт ва хост ба харидорони шартӣ дар ҳудуди шаҳри Норак диҳад. Вале 20 октябри соли 2017 пас аз анҷоми доду гирифт С. Забиров дастгир гардида, дар ҳузури шахсони холис аз ӯ 1250 грамм маводи нашъаовар гирифта шуд. Дар маҷмӯъ воситаи нашъаовари навъи афюни аз С. Забиров гирифташуда 2254 граммро ташкил дод.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти раисии судя Ғайрат Сангинзода 3 январи соли 2018 дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаи ҷиноятиро нисбат ба судшаванда Сиёвуш Забиров, сокини шаҳри Норак баррасӣ намуда, ӯро бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «а, в, г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ 10 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъйин кард. Мутобиқи хулосаи комиссияи амбулатории наркологӣ Сиёвуш Забиров гирифтори бемории нашъамандӣ низ буда, ба табобати маҷбурии тиббӣ эҳтиёҷ дорад. Бинобар ин, тибқи моддаи 101 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ табобати маҷбурии тиббӣ аз нашъамандӣ таъйин карда шуд. 
Сиёвуш се фарзанди ноболиғ дорад ва аз карда пушаймон аст. Вале, чуноне ки дар урфият мегӯянд, чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ…
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2018    №: 25    Мутолиа карданд: 1269
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед