logo

маориф

НЕРУИ ИНСОНӢ ВА НАҚШИ МУАССИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ОН

Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру ҳидоят ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам дар соҳаҳои маориф, иқтисоду иҷтимоиёт ислоҳот гузаронда шуда, рушди маориф ва илм, яъне неруи инсонӣ ба яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Соҳаи маориф яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини рушди неруи инсонӣ буда, хусусияти меҳварӣ дорад. Махсусан, дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушди он дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор гирифтааст. Зеро он сутуни асосии рушди устувори иқтисодиёт ба шумор меравад ва дар ташаккул додани неруи инсонӣ мавқеи бузург дорад. Солҳои охир бо дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ба пешравиҳои назаррас ва дастовардҳои зиёд ноил гаштааст. Шумораи муассисаҳои томактабию мактабӣ ва олии касбӣ ба маротиб зиёд шуд.
Чуноне ки аз Паёми навбатии Президенти кишвар бармеояд, Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар байни 101 кишвари ҷаҳон мақоми 54 – умро соҳиб гардидааст. Ин барои Тоҷикистони тозаистиқлол нишондиҳандаи хеле баланд аст. Дар баробари ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшиш менамояд, ки нишондиҳандаҳои аз ин ҳам баландтарро соҳиб гардад.
Соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 400 миллион сомонӣ ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ сарф гардид ва 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё шуд. Соли 2018 ин раванд идома ёфта, маблағҳои буҷет ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ин самт равона карда мешаванд. Илова бар ин, бо қарори Ҳукумат “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” қабул гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳои худ ва пайваста дар мулоқоту вохӯриҳо бо зиёиён таъкид менамоянд:  “Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст”. Инчунин, таъкид мекунанд: “Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд”. Аз ин рӯ, ҷалби ҳар чи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ, азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар мактабҳо муҳиму аввалиндараҷаанд.
Муҳаббат ПИРИЕВА,
омӯзгори гимназияи № 74 - и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2018    №: 25    Мутолиа карданд: 1193
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед