ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
РИШВА
Иҷрочии судро ба курсии айбдорӣ шинонд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як иҷрочии суд ҳангоми гирифтани пора хабар дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, Нуралӣ Нурализода, иҷрочии калони суди ноҳияи Бохтар, бо мақсади ба даст овардани фоида бо роҳи фиреб, ба боварии шаҳрванд «А» даромада, барои аз манзили истиқоматиаш кӯчондани ҳамсараш аз ӯ 10 000 сомонӣ талаб намудааст. Номбурда дар навбати аввал аз шаҳрванд 4000 ҳазор сомонӣ гирифта, овардани 6000 сомонии дигарро талаб намудааст. Вале дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи боқимонда Н. Нурализода дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, 6000 сомонӣ ҳамчун далели шаъйӣ аз ӯ гирифта шуд.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Нуралӣ Нурализода бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
ШАШ СОЛИ ЗИНДОН
Барои маблағгузории амалҳои террористӣ
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванд С. Маноновро барои маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол таъйин намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, номбурда барои он гунаҳкор дониста мешавад, ки замони дар муҳоҷирати корӣ буданаш бо аъзои иттиҳоди экстремистӣ - террористии ба ном «Давлати исломӣ» робитаи интернетӣ пайдо намуда, омодагиашро барои маблағгузорӣ ба аъзои иттиҳод изҳор намудааст. Номбурда дар идомаи ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худ моҳи августи соли 2017 барои пеш бурдани фаъолияти террористӣ ба суратҳисоби «Шом» ном шахси ба тафтишот номаълум ба воситаи низоми интиқоли маблағи электронии «Киви кошелёк» 1000 рубли русӣ интиқол додааст.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ, бо моддаи 1792 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардида, бар асоси ҳукми суд муҳлати адои ҷазоро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр сипарӣ хоҳад кард.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.02.2018 №: 28 Мутолиа карданд: 1250