logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Фарҳод Тоиров, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарух Алибекзода, ҳуқуқшиноси калони Бюрои давлатии ҳуқуқӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.


Дар ошёнаи якуми бинои бисёрошёна зиндагӣ мекардам. Ҳамсояам илтимос кард, ки хонаамро бо хонаи вай, ки дар ошёнаи болотар ҷойгир аст, иваз намоям. Ман розӣ шудам ва бе ягон пардохти иловагӣ манзилҳои истиқоматиамонро иваз намудем. Бо гузашти беш аз 2 моҳ ҳамсоя талаб дорад, ки боз манзилашро ба ӯ баргардонам ва хонаи худамро гирам. Ман аллакай ҳуҷҷатҳои хонаро расмӣ карда, дар мақомоти дахлдор ба номи худам гузарондаам. Акнун ба таклифи ӯ розӣ нестам. Оё ҳамсоя ҳуқуқ дорад, ки маҷбуран хонаро аз ман гирад?
СИЛСИЛА ,
сокини шаҳри  Бохтар

Мутобиқи талаботи моддаи 604 - и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз воқеан иваз шудани хонаҳо ва қабули тарафҳо ҳуқуқи моликияти ҳар ду мутаносибан ба манзилҳои ивазшуда ба миён меояд. Яъне, дар ин ҳолат ҳуқуқи моликиятии шумо нисбат ба манзили ивазшуда пайдо шудааст. Ҳуқуқи моликияти қонунан эътирофгардида ва ҳифзшавандаи молик тиқби салоҳдид соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ мешавад. Аз ин лиҳоз, агар шумо бо ихтиёри худ ба ивази такрории манзилҳо розӣ нашавед, касе ба ин кор маҷбур карда наметавонад.

Ҳангоми ба расмият даровардани васиятнома бо худ доштани кадом ҳуҷҷатҳо тавсия мешаванд ва оё дар вақти тартиб додани васиятнома мавҷуд будани амволро бо ҳуҷҷатҳо (ҳуқуқи соҳибмулкӣ нисбат ба манзили истиқоматӣ, бӯстонсарой, замин) тасдиқ кардан зарур аст?
Н. ОБИДОВ,
сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ҳангоми ба расимият даровардани васиятнома танҳо шиносномаи умумишаҳрвандии васияткунанда, шиносномаи шоҳид, инчунин, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА - и васияткунанда) зарур мебошад. Васиятнома мумкин аст, нисбат ба ҳамаи амвол ё қисми муайяни он, инчунин, бо нишон додани амволи аниқ, ки дар вақти тартиб додани васиятнома ба васияткунанда тааллуқ дошт ё ин ки тааллуқ надошт, тартиб дода шавад. Зеро аз васияткунандагон пешниҳоди далел оид ба дахл доштани амволи васиятшаванда ба онҳо талаб карда намешавад. Яъне, васияткунанда метавонад, ҳар кадом амволро васият кунад (онро дар васиятнома нишон диҳад), чунки тааллуқ доштани амволи васиятшаванда, ҳуқуқ ба онҳо танҳо ҳангоми ба расмият даровардани ҳуқуқ ба мерос ба тариқи васиятнома тафтиш карда мешавад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 29    Мутолиа карданд: 1169
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед