logo

маориф

БА БОВАРӢ САЗОВОР БОШЕМ!

Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати  давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ба рушду нумӯи он, бахусус сохтмони бинои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз намудани онҳо, диққати ҳамешагӣ зоҳир мегардад.

Аз оғози Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эълон карда, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии он, доир ба афзун гардондани маблағгузорӣ ва таъмиру тармим, навсозӣ ва барқарорсозии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ карда истодааст.
Ин муносибат омӯзгоронро водор месозад, ки тамоми имконот ва неруи зеҳниашонро дар роҳи таъмини сифати баланди таҳсилот, боло бурдани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи насли наврас равона созанд.
Бар ивази ғамхориҳои Сарвари давлат имрӯз ҷавонон ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ҷаҳд намуда, барои соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гардидан, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расондани насли шоистаи даврон масъул аст.
Масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ба тарбияи насли наврас иртиботи мустақим дошта, дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расондани онҳо ниҳоят муҳим мебошад. Болоравии сифати таълиму тарбия бошад, аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии стратегии давлат дар соҳаи маориф маҳсуб меёбад.  Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мо - аҳли маорифро барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони шоистаи даврон муайяну мушаххас менамояд. Бинобар ин, мо - омӯзгорон барои татбиқи амалии нуктаҳои Паём  аз таҳти дил саъю талош хоҳем кард.
Махфират ҚАЛАНДАРОВА,
омӯзгори фанни забони русии МТМУ № 13 – и шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 29    Мутолиа карданд: 1267
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед