ҳуқуқ
ҚОЧОҚИ ДОРУ. КОРМАНДОНИ ГУМРУК АЗ ВОРИДОТИ ОН ПЕШГИРӢ НАМУДАНД
Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни иҷрои вазифаҳои хидматӣ, миқдори зиёди дорувории бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридотро ошкор намуданд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумрук, ин миқдори доруворӣ аз анборҳои нигоҳдории маҳсулоти ҶДММ «Достӣ» (воқеъ дар деҳаи Гулпарвари Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ) ёфт шуда, моли шаҳрванди 24 – сола С. К., зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе (кӯчаи Н. Қарабоев, бинои 102, хонаи 2) маҳсуб меёбад. Номгӯи маводи дорувории беҳуҷҷат асосан аз 15600 дона ампулаи тамғаи «Ethason Dexamethasone» (истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин), 744 дона малҳами «Kanadex - N», 1400 дона қуттичаи ҳабби «Cystone Himalaya», 150 конволюта малҳами «Eteva» (истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Покистон), 2000 дона малҳами «Clobetasol - 005 %» (истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эрон), 24000 конволюта (бастаи махсуси асосан картонӣ барои доруҳои тиббӣ) ҳабби «Пенегра», 10500 конволюта ҳабби «Ranitidin IP», 1000 конволюта ҳабби «Ranitidin ВР», 2500 конволюта ҳабби «Relief» ва 400 конволюта ҳабби «Active - T Cold» (истеҳсоли Ҷумҳурии Ҳиндустон) иборат мебошанд, ки дар шароити ғайристандартӣ нигоҳ дошта мешуданд. Бо мақсади муайян намудани таркиби доруҳои ёфтшудаи беҳуҷҷат онҳо барои ташхис ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супурда шуданд. Тафтиши қазия идома дорад.
А. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.02.2018 №: 29 Мутолиа карданд: 1416