ҳуқуқ
КОРРУПСИЯ. АГЕНТӢ ШАҲРВАНДОНРО БА МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАЪВАТ МЕНАМОЯД
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муроҷиате тавассути сомонаи интернетиаш аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар амри мубориза бо коррупсия бо ин ниҳод ҳамкорӣ намоянд.
Бино ба навиштаи сомонаи агентӣ, далели ин тасмим таҳкими робита бо ҷомеа буда, баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионӣ, ташаккули фазои оштинопазир бо ин падидаи номатлуб, таъмини иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз ҳадафҳои аслӣ ба шумор мераванд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар доираи ин иқдом барномаеро рӯи даст гирифтааст, ки бар асоси он муроҷиати шаҳрвандон ҷиҳати ошкорсозии амалҳои коррупсионӣ ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, муайян намудани хавфҳои коррупсионӣ дар вазорату идораҳо дар баробари дигар василаҳои ҷорӣ, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили «Viber» ва «Whats App» қабул карда мешаванд. Сомонаи агентӣ дар муроҷиат ба шаҳрвандон навиштааст, ки «дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо омилҳои коррупсионӣ метавонед, дар баробари телефони боварии 234-65-78, почтаи электронии агентӣ (Этот адрес электронной почты защищен от спам - ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра), инчунин, тавассути шабакаҳои иҷтимоии «Viber» ва «Whats App» ба рақами (+992) 880-00-63-77 муроҷиат намоед». Дар идома таъкид мешавад, ки танҳо дар ҳамбастагӣ мо метавонем, бар зидди коррупсия мубориза бурда, ба паст кардани сатҳи он, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум саҳми арзандаи хешро гузорем.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи фаъолияти худ тавонист дар мубориза бо коррупсия ба натиҷаҳои назаррас даст ёбад. Ахиран, ин ниҳод дар баробари истифода аз дигар тадбирҳои зиддикоррупсионӣ, ташкили вохӯриву суҳбатҳо бо намояндагони корхонаю муассисаҳои гуногун ва ҷомеаи шаҳрвандиро омили муҳими ҷилавгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ шумурда, фаъолияташро дар ин самт таҳким бахшидааст.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.02.2018 №: 30 Мутолиа карданд: 1240