logo

туризм

САЁҲАТИ ДОХИЛӢ МУҲАББАТ БА ВАТАНРО МЕАФЗОЯД

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифат, меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои   мардумӣ дар олам нотак-рор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН


 Воқеан, кӯҳҳои сар ба фалаки Ватани азизи мо, ки манбаи ташаккули захираҳои обӣ дар минтақаанд, кайҳо боз таваҷҷуҳи оламиён, аз ҷумла сайёҳону кӯҳнавардони хориҷиро ба худ ҷалб сохтаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 8 ҳазор пиряхи хурду бузург воқеъ гардидааст, ки аз он 1085 адад дар ВМКБ буда, манбаи асосии обро ташкил медиҳанд. Дар кишвари  мо қариб ду ҳазор кӯлу обанбор вуҷуд дорад, ки бузургтарини онҳо Қарокӯл, Сарез, Қайроққум, Норак, Яшилкӯл, Рангкӯл, Искандаркӯл, Сарбанд ба шумор мераванд. Беш аз 200 чашмаи обҳои маъданӣ мавҷуданд, ки бо хусусиятҳои хосси худ, аз ҷумла таркиби химиявӣ ва ҳарорат аз ҳам фарқ карда, аҳамияти муолиҷавӣ доранд. Муҳимтарини онҳо Хоҷа Обигарм дар ноҳияи Варзоб, Шоҳамбарӣ дар шаҳри Ҳисор, Аксиген дар шаҳри Ваҳдат, Бахмир ва Бахтиёр дар Помири Шарқӣ, Баршор дар Шуғнон, Гармоба дар ноҳияи Файзобод, Оби Шифо дар шаҳри Исфара мебошанд.
Ман  зодаи  пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ҳастам. Мутаассифона, то кунун, имкон нашудааст, ки аз ҳамаи минтақаҳои сайёҳӣ ва мавзеъҳои тамошобоби кишвар дидан намоям. Дар бораи манзараҳои зебову афсонавии Ватани азизамон, аз ҷумла кӯҳҳои барфпӯш, кӯлу обанборҳои мусаффо, водиву доманакӯҳҳои пургулу гиёҳ тавассути аксу наворҳо маълумот гирифтаам. Дар соли рушди сайёҳӣ орзу дорам, ки ёдгориҳои таърихии Аҷинатеппа, Тахти Қубод, Саразм, Ҳулбук, баҳрҳои Нораку Қайроққум ва Қарокӯлу Искандаркӯлро бо чашмони худ бубинам ва аз ҳавои онҳо нафас гирам.
Хуб мешуд, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ  сайёҳии дохилӣ низ рушд ёбаду ширкатҳое рӯи кор оянд, ки тавассути онҳо мо тавонем, хонандагонро низ ба ҷойҳои таърихиву манзараҳои ҷолиби табиати диёрамон барем. Бо ин роҳ, ба дили хонандагон  муҳаббат ба Ватан ва сарзамини афсонавии худро ҷой намоем, ки он метавонад, ҳам дар тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва ҳам баланд бардоштани эҳсоси худшиносии насли наврас нақши амиқ гузорад.
 Шарофат УРАЗОВА,
омӯзгори МТМУ №30, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2018    №: 31    Мутолиа карданд: 1507
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед