logo

номаҳо

АРЗИ МАРО НАШР НАМОЕД!

Ман 24 июни соли 2010  аз ширкати сохтмонии ҶДММ «Винбокс», ки директори генералиаш Собиров Шокир Ҷобирович буд, манзили истиқоматии 52 метри мураббаъро харидам. Азбаски ҳуҷраи ман аз чор девори холӣ иборат буд, худам хонаро таъмир ва пардоз намуда, дар он зиндагӣ кардам. Албатта, бехабар аз он будам, ки бинои мазкур аз қайди комиссияи давлатӣ нагузаштааст. Баъди як соли зиндагӣ ба ман ва дигарон маълум гашт, ки таъйиноти бинои мазкур ҳамчун «маркази коргузорӣ» ба қайд гирифта шудааст, на бинои «манзили истиқоматӣ».
Моҳи июли соли 2014  дар асоси аризаи дастаҷамъонаи истиқоматкунандагони бинои мазкур нисбати писари Собиров Шокир - Умед бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд ва ман он замон дар ин парванда ҳамчун ҷабрдида эътироф нашудам, чунки бо Собиров Шокир шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ таҳти рақами 21 баста будам.
Собиров Шокир аз тарси он, ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ накушоянд, қисме аз маблағҳои маро пардохт кард. Маблағҳои боқимондаам 15 марти соли 2017 аз ҷониби Суди Олии кассатсионӣ дар ҳаҷми 52.632 сомонию 99 дирам рӯёнда шуд. Аз соли 2010 то соли 2017 ва дар рафти мурофиаҳои судӣ ягон маротиба ман ва дигарон нафаҳмидем, ки Собиров Шокир манзили истиқоматии шартии маро 29 июли соли 2014 ба Мирзоев Аҳтам фурӯхтааст.
Баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи мазкур ва бекор шудани шартномаи манзили истиқоматии ман Собиров ба суди ноҳияи Шоҳмансур аризаи даъвоӣ (оид ба рӯёндани зарари моддӣ ва  маънавӣ) талаб кардааст, ки аз ҳисоби ман, яъне Баҳромова Ф.Т. ба маблағи 9300 доллари амрикоӣ иҷорапулӣ рӯёнда шавад.
Вақте ки дар беморхонаи «Мадади Акбар» бистарӣ будам, Собиров Шокир ва судиҷрочии ноҳияи Шоҳмансур иҷроварақаҳои ҳалномаи мазкурро яктарафа иҷро карда, маблағҳои маро надода, бе иштироки ману фарзандонам худашон чизу чораи моро бо ҳамаи молу пулу дигар боқимонда лавозимотамон ба куҷое бурданд, то ҳоло дараке надорем. Фарзандонам ба суди ин ноҳия ва судиҷрочии суди ноҳияи Шоҳмансур аризаи даъвоӣ пешниҳод карданд, ба додашон нарасиданд. Хулоса, ҳалномае, ки дар истеҳсолоташ ду иҷроварақа қарор дошт, яктарафа ҳал гашта, аз 21 декабри соли 2017  то инҷониб маро бо чор фарзанди нимятимам (шавҳарам дар қайди ҳаёт нестанд) сарсону саргардон ва хусусан, дар фасли зимистон, овора карданд. Аз ин рӯ, зарур донистам, ки дар ин хусус бинависам.
Бо эҳтироми зиёд хоҳиш менамоям, ки арзи маро дар гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи бонуфузи «Ҷумҳурият» нашр намоед.
Фароғат БАҲРОМОВА,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2018    №: 31    Мутолиа карданд: 1235
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед