logo

маориф

ДДҚ. ИҚДОМҲОЕ, КИ НАМУНАИ ИБРАТАНД

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар рушди инсонро аз се омил вобаста донистанд: дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустӣ ва зиндагии шоиста.

Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа бо  ин мақсад корро аз боло бурдани маош оғоз намуд. Ин амал ба боло бурдани неруи зеҳнию ақлии устодони донишгоҳ равона гардида, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим оварда марасонад. Ҷиҳати дастгирии иҷтимоии кормандону донишҷӯёни ятиму бепарастор низ корҳои зиёде ба сомон расонда шуд. Беш аз 100 донишҷӯи бепарастор аз пардохти маблағи шартнома аз 50 то 100 дарсад озод гардиданд. Ба маъюбон низ ҳамин имтиёзҳо дода шуд. Давра ба давра ба мактаб - интернати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳам кумак расонда мешавад.
Дар донишгоҳ 10 кафедра ва 1 факултаи нав таъсис дода шуд. Онҳо аллакай бо базаи моддӣ - техникӣ, синфхонаҳои компютерӣ, лаборатория ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд. Факултаи нав унвони “Сиёсат ва идораи давлат” – ро гирифт.
Боиси ифтихори ҳайати устодону омӯзгорони донишгоҳ мебошад, ки нашрияи “Паёми донишгоҳ” ба феҳристи нашрияҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия шомил шуд. Барои унвонҷӯён ин рӯйдоди фараҳбахш аст. Соли 2018 силсилаи фанҳои дақиқ низ ба ин феҳрист шомил хоҳанд шуд. То кунун аз рӯйи ихтисоси математикаю физика ва информатика ба шӯрои олии аттестатсионӣ иҷозати фаъолият дода шуд. Дар назар аст, ки шӯроҳои дигари илмӣ рӯйи кор оянд. Имсол дар назар аст, ки беш аз 20 рисолаи докторию номзадӣ дифоъ карда шавад. Умуман, устодони донишгоҳ беш аз 50 рисолаи барои дифоъ тайёр доранд.
Аз 1 январ ба профессорон барои як воҳиди корӣ беш аз 4 ҳазор сомонӣ маош дода мешавад. Ҳоло дар донишгоҳ 14 профессор ва зиёда аз 100 номзади илм фаъолият доранд. 
Мутаассифона, дар масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон мушкилӣ доранд. Соли 2016 як кас ва соли 2017 ҳашт кас аз ҳисоби донишҷӯёни фориғултаҳсил ба ҷойи кор ҳозир нашуданд. Аз чор кас маблағи таҳсил ситонда шуд. Парвандаи чор нафар барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст. 
Зокири ҲАСАН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2018    №: 32    Мутолиа карданд: 1114
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед