logo

маориф

МАКТАБ. ТАРБИЯИ ҶАВОНОН МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ АСТ

Мактаб дар таълиму тарбияи ҷавонон масъулияти бузурге бар дӯш дорад. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади идона ба ифтихори Рӯзи ҷавонон аҳли ҷомеа, бахусус мо, омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки барои дар ниҳоди ҷавонон парвардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ саҳмгузор бошем.
Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат мо нақшаи чорабиниҳоямонро дар соли 2017 бахшида ба Соли ҷавонон таҳия карда, амалӣ намудем, ки натиҷаҳои дилхоҳ доданд. Дар давоми сол бо иштироки олимону шоирон ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ конференсия ва нишастҳо доир гардиданд, ки ба мавзӯъҳои сиёсати давлатии ҷавонон, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳифзи марзу бум ва гиромидошти ҳар пора хоки муқаддаси Ватани азизамон, арҷгузорию эҳтиром ба калонсолон, баланд бардоштани савияи донишандӯзӣ, аз бар намудани техника ва технологияи муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, бахшида ба ҷашну санаҳои таърихӣ - мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои ҷалби ҷавонон ба илмҳои дақиқ ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон гузаронда шуданд. Бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ҳанӯз дар ибтидои соли сипаришуда хонандагони синфҳои 9 - 11 ба қисмҳои низомии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида, зимни мулоқоту суҳбатҳо бо ҳаёти сарбозону афсарон аз наздик ошноӣ пайдо карданд.
Дар мактаб ба омӯзиши воситаҳои техникии таълим таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Дар самти ҳифзи саломатии наврасону ҷавонон дар байни мактаб ва Маркази саломатии № 3 - и шаҳри Душанбе шартномаи тарафайн баста шудааст, ки тибқи он хонандагон мунтазам аз ташхиси тиббӣ гузаронда мешаванд. Ёдовар бояд шуд, ки дар муассисаи таълимии мо як нафар педагог-психолог фаъолият мекунад, ки омӯзгорону волидон мунтазам аз маслиҳату машварати ӯ дар омӯзиш ва ҳалли масъалаҳои марбут ба камолоти шогирдони душвортарбия бархӯрдор мешаванд.
Дар асоси «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» дар давоми соли 2017 93 нафар омӯзгори ботаҷриба ба кори таълиму тарбия ҷалб карда шуданд. Таълим ва тарбияи шаҳрванди соҳибмаърифату ватандӯст шиори ҳамешагии муассисаи таълимии мо маҳсуб меёбад, ки яке аз самтҳои «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017» – ро ташкил дода, ҳадаф аз он ба камол расондани ворисони сазовори ҷомеа мебошад.
  Мавриди зикр аст, ки моҳияти сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳуриро омӯзгорон мунтазам дар рафти машғулиятҳои фаннӣ, дарсҳои иловагӣ, маҷлисҳои падару модарон, мулоқоту суҳбатҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, адибон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дигар чорабиниҳо ба шогирдон бо мисолҳои эътимодбахш мефаҳмонанд. Худи хонандагон ба мавзӯъҳои аз бар намудани донишҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳо ва ҳамқадам будан бо ҷомеаи умумибашарӣ мароқи беандоза доранд. Албатта, тағйирёбии вазъи сайёра, таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои олам дар шуури насли ҷавон бетаъсир намемонад. Аз ин рӯ, масъалаҳои муқовимат бо зуҳуроти бегона, аз қабили таассуби динӣ, ифротгароӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ дар корҳои фаҳмондадиҳӣ мавқеи асосиро ишғол мекунад. Ҷавҳари таълиму тарбияро бошад, масъалаҳои ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии фарзандон ба хотири ободиву шукуфоии Ватани маҳбуб, таҳкими осоишу амният ва таъмини якпорчагии кишвари азизамон ташкил медиҳанд.
Шамсия ЗОИРОВА,
директори МТМУ № 63,
ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2018    №: 32    Мутолиа карданд: 1219
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед