logo

туризм

САЙЁҲӢ. ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР РУШДИ ХИЗМАТРАСОНӢ

10 феврал дар меҳмонхонаи «Шератон» - и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Қадамҳои устувор дар рушди хизматрасониҳои сайёҳӣ» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд.
Тавре Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, иттилоъ дод, то имрӯз барои дар сатҳи баланд гузарондани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақшаи чорабиниҳо ва рамзи сол аз ҷониби Пешвои муаззами миллат тасдиқ гардиданд. Зикр гашт, ки нақшаи чорабиниҳо аз 41 банд иборат буда, таҳия ва қабули Барномаи давлатии рушди сайёҳӣ барои  солҳои 2018 - 2020, баргузории наздики 100 чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Фестивали сайёҳии наврӯзӣ ва озмунҳои гуногунро дарбар мегирад.
Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гашт, ки то имрӯз Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки сарпарастии солро ба зимма дорад, як қатор тадбирҳоро амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, якҷо бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайёҳон» зери бренди «Рахш такси» марҳилаи аввали Маркази хизмат- расонии нақлиётиро мавриди истифода қарор дод. Аҳамияти умдаи марказ дар он аст, ки сайёҳон аз хизматрасонии сифатноки нақлиётӣ бархӯрдор мегарданд. Инчунин, дар  намои автомобилҳо манзараҳои ҷолиби кишвар  тасвир шудаанд, ки онҳо захираҳои бойи туристии Тоҷикистонро  муаррифӣ менамоянд.
Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаи «Минтақаҳои Тоҷикистон» оғоз гардида, дар доираи он соли ҷорӣ дар шабакаи интернет сомонаи сайёҳии тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия мешаванд. Айни замон намунаи сомонаҳои шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав омода шудаанд. Ин омил ҷиҳати муаррифии имкониятҳо ва дастрас намудани маълумоти саҳеҳу саривақтӣ барои  сайёҳон ва  ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори минтақаҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Аз ҷониби кумита дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд вобаста ба таҳияи  замимаҳои мобилӣ оид ба имкониятҳои  сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаи интернет, аз ҷумла дар низоми интернетии Google, рушди тиҷоратикунонии  соҳаи ҳунармандӣ ва таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ озмун  эълон шудааст. Мақсад аз ин иқдом таъмини шароити мусоид барои мутахассисони ҷавон дар самти таҳияи лоиҳаҳо, кашфи ғояҳои инноватсионӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Инчунин, ҳангоми ҳамоиш технологияҳои муосири коммуникатсионии соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла харитаҳои электронии сайёҳӣ, маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва хизмат- расонии ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаву  осоишгоҳҳо, тарабхонаҳо, рӯнамоӣ шуд, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ таҳия шудаанд.  
Тазаккур дода шуд, ки маҳз тавассути роҳандозии тадбирҳои пайгиронаю босамар дар таблиғу ташвиқи захираҳои сайёҳӣ ва муаррифии шоистаи арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва экологии мамлакатамон шумораи сайёҳони хориҷӣ марҳила ба марҳила меафзояд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2018    №: 32    Мутолиа карданд: 1305
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед