logo

номаҳо

ЛИБОСИ МИЛЛӢ ИФТИХОРИ МИЛЛИСТ

Ҳар як халқу миллатро бо анъанаҳои хосси худ мешиносанд. Аз ин рӯ, гиромидошти анъанаҳои миллӣ ва истифодаи дурусти он дар замони муосир басо муҳим аст. Мутаассифона, аксар вақт мушоҳида менамоем, ки мардуми мо ба ин масъала кам таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ба қадри арзишҳои миллӣ нарасида, ба анъанаҳои халқҳои дигар, бахусус ба либоспӯшии онҳо тақлид менамоянд.

Тақлиди кӯркӯрона ба либоспӯшии миллатҳои дигар вақтҳои охир ба як навъ мусобиқа табдил ёфтааст. Пешвои миллат ин масъаларо ҳамеша ёдрас шуда, тарзи либоспӯшии ниёгонамонро ҳамчун намуна мисол меоранд. Месазад, ки ин  дастурро сармашқи кори худ намуда, дар ин масъала аз гузаштагони хеш ибрат гирем.
Масъалаи либос ба назари баъзеҳо басо сабук ва камаҳамият менамояд. Вале он танҳо аз  як порча матоъ ташкил наёфтааст. Сухан дар бораи либоси миллӣ ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллат меравад, ки  онро бояд ҳифз намуд. Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар як халқ дар худ таҷассум менамояд, василаи муҳими худшиносӣ ба шумор меравад.
Агар либоси миллат мазмуни хосси худро намедошт, чаро яке дароз дигаре кӯтоҳ, сеюмӣ васеъ дӯхта мешаванд? Ҳикмати дигари либосро бубинед, ки ранги онро низ вобаста ба маросимҳо интихоб мекунанд. Яъне, либоси тӯю сур ва азодорӣ аз ҳам фарқ доранд.
Ин ҳама бозгӯи он аст, ки либоси миллӣ рукни муҳими ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҳар як миллату халқият будааст, ҳувияти онҳоро дар замони ҷаҳонишавӣ таъмин менамояд. Ҳар шахсе, ки ба дараҷаи худшиносӣ расидааст, дарк мекунад, ки арзишҳои миллӣ басо зарур ва риоя кардани онҳо ҳам қарзу ҳам ифтихор аст.
Ҳамин ҷузъи фарҳанги миллиро, ки моро ҳамчун намояндаи миллати тоҷик муаррифӣ менамояд, бояд аз  тақлиди кӯркӯрона нигоҳ дорем.
Боиси таассуф аст, ки баъзеҳо ба асли ин матлаб сарфаҳм намераванд. Фикр мекунам, ин ҷо ҳеҷ як монеае барои либоспӯшии онҳо пайдо нагардидааст, балки дар чорчӯбаи ҳувияти миллӣ ин масъала роҳандозӣ мегардад.
Дарвоқеъ, ба бар кардани пироҳани аз матоъҳои миллӣ – атласу адрас ва чакан дӯхташуда ҳам ба духтарон ҳусн зам мекунад ва ҳам барои саломатии онҳо басо муфид аст.
Ҳотами ҲОМИД, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2018    №: 33    Мутолиа карданд: 1269
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед