logo

маориф

ОЛИМПИАДАҲОИ НОМӢ. РОҲИ НАВИ ДАРЁФТИ ИСТЕЪДОДҲО

Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2014  «Барномаи давлатии дар- ёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015 - 2020» қабул гардид. Баҳри амалӣ намудани он дар ҳар ноҳия марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил гардиданд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ чунин марказ ташкил карда шудааст. 

Чанде пеш дар асоси низомномаи олимпиадаи наврасон аз фанҳои табиӣ - риёзӣ (синфҳои 5 - 8) дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии № 1 - и ноҳия олимпиадаи наврасон баргузор гардид. Дар даври ноҳиявӣ 774 хонанда иштирок намуда, аз онҳо 105 нафар ба даври минтақавӣ (ноҳияҳои тобеи марказ) роҳхат гирифт.
Ҳамзамон, чор нафар хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия: Парвиз Одинаев, Нигора Юсуфова, Наргис Амирбекова, хонандагони гимназияи тоҷикӣ - русии  ба номи А. С. Пушкин ва Искандар Ҳодимов   аз МТМУ № 59 - и ноҳия дар олимпиадаи фосилавӣ аз фанни забони русии Донишгоҳи давлатии ба номи И. Улянови Федератсияи Русия ширкат варзида, бо ифтихорномаҳо сазовор дониста шуданд.
Дар МТМУ № 34 - и ноҳия бо иштироки  136  нафар хонандагони таълимгоҳҳо олимпиадаи  номӣ бахшида ба хотираи  Ойим Худоёрова аз фанни забони англисӣ баргузор гардид. Боиси тазаккур аст, ки дар таълимгоҳи № 21 низ олимпиадаи номӣ бахшида ба гиромидошти собиқадори ҷангу меҳнат М. Норбӯтаев баргузор шуд. Олимпиадаи мазкур  аз рӯи 8 фан - физика, химия, биология, таърих, ҳуқуқ, забони давлатӣ, забони русӣ гузаронда шуд. Ҳамагӣ аз ҳамаи таълимгоҳҳои Ҷамоати деҳоти Султонобод 200 хонанда ширкат варзид. Дар фанҳои таърих, биология ва забони давлатӣ дониши нисбатан хуб миёни хонандагон мушоҳида гардид. Ҳамчунин, олимпиадаи номӣ аз фанни забони давлатӣ дар деҳаи Хоҷабулбулони Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳия доир гардид. Олимпиадаи мазкур ба гиромидошти собиқадори соҳаи маориф О. Рустамов  бахшида шуд. Дар он 80 хонандаи  синфҳои 8 - 11 аз таълимгоҳҳои ҷамоати мазкур, ки хеле дурдаст аст, ширкат варзид. Боиси хушнудист, ки дар радифи олимпиадаҳои номӣ дар таълимгоҳҳои ноҳия  мусобиқаҳои варзишии намуди шоҳмот, шашка ва волейбол низ баргузор гардиданд. Дар чорабиниҳои варзишӣ зиёда аз 400 хонанда иштирок намуда, дар ҷамъбаст ғолибон бо ҷому ифтихорномаҳо сарфароз шуданд.
З. НОРОВА, 
роҳбари Маркази дарёфт ва рушди
истеъдодҳои ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2018    №: 34    Мутолиа карданд: 1328
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед