logo

ҳуқуқ

МАВОДИ МУХАДДИР. АЗ БОЗДОШТИ УЗВИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТПЕША ТО ДАРГИРӢ БО ҚОЧОҚЧИЁН

Кормандони сохторҳои қудратӣ як узви гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллиро дар шаҳри Душанбе бо миқдори зиёди маводи нашъаовар дастгир намуда, ҳамзамон, дар марз бо Афғонистон аз вуруди қочоқчиёни мусаллаҳ ба хоки Тоҷикистон пешгирӣ карданд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дар доираи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ якҷо бо кормандони КДАМ ва ВКД шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Абдул Фуруқ бо 70 килограмм маводи нашъаовари навъи ҳашиш ва чарс боздошт шудааст. Амалиёти боздошти ӯ ва ҷилавгирӣ аз чанд мавриди кӯшиши интиқоли маводи мухаддир дар сарҳад, дар доираи чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби сохторҳои қудратӣ сурат гирфтааст, ки ба манзури пешгирии интиқоли маводи нашъаовар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 10 феврал ҷараён дошт.
Ба гуфтаи Муҳаммад Улуғхоҷаев, роҳбари маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар ин муддат марзбонони тоҷик тавонистанд, дар ҳамдастӣ бо дигар ниҳодҳои қудративу низомӣ дар минтақаи дидбонгоҳҳои «Дарқад»,  «Панҷоб» - и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ва «Сомон» - и Отряди сарҳадии «Панҷ» аз ҳолати марзшикании қочоқбарони мусаллаҳ пешгирӣ намоянд. Бар пояи иттилои дастрас, дар ҳар се ҳолат миёни марзбонон ва қочоқчиёни афғон даргирии мусаллаҳона ба амал омада, дар натиҷаи муқовимат марзшиканон ақибнишинӣ ва ба ҷониби Афғонистон фирор кардаанд. Кӯшиши интиқоли маводи мухаддир дар минтақаи дидбонгоҳҳои сарҳадии «Дарқад» ва «Панҷоб» - и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар як рӯз - 5 феврал ба мушоҳида расида, барои ҷилавгирӣ аз убури ғайриқонунии сарҳад вокуниши сареъ нишон дода шуд.
Баъд аз анҷоми амалиёт алайҳи қочоқбарон ва фирори онҳо аз ҷойи ҳодиса дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Дарқад” 34 килограмму 500 грамм, маводи нашъаовари навъи афюн, 4 килограмму 800 грамм ҳашиш  ва  8 килограмм бангдона мусодира гардидааст. Дар ҳамин ҳол, марзбонон, зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса дар минтақаи дидбонгоҳҳои сарҳадии “Панҷоб” низ 54 килограмму 165 грамм маводи нашъаовари навъи ҳашиш, 26 килограмму  590 грамм  афюн  ва 2 адад тирдон бо тирҳояш дарёфту мусодира намуданд.
Ҳодисаи дигар 8 феврали соли ҷорӣ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Сомон” - и Отряди сарҳадии “Панҷ” рух дода, аз қочоқчиёни фирорӣ 24 килограмм маводи нашъаовари навъи ҳашиш ва як адад яроқи оташфишони тамғаи М-16 - и истеҳсоли Амрико бо як адад тирдон ва тирҳояш боқӣ монд, ки дар робита ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Пешгирии интиқоли ғайриқонунӣ, боздошти қочоқчиён ва мусодираи ин миқдор маводи нашъаовар давоми 10  рӯз, идомаи муборизаи қотеонаи  ниҳодҳои марбутаи мамлакат бо ин маводи марговар аст. Ин дар ҳолест, ки танҳо соли 2017 марзбонони тоҷик дар  ҳамкорӣ  бо дигар мақомоти қудратии кишвар аз қочоқчиён 1 740 килограмму 335 грамм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира намуданд, ки дар сурати пешгирӣ нашудан, метавонист ҷони ҳазорҳо нафарро дар хатар гузорад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2018    №: 34    Мутолиа карданд: 1023
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед