logo

ҳуқуқ

ҚОНУН. ПУШТИ ҲАР ҲАРФ ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ОН НИҲОН АСТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати муҳими барномавӣ ба шумор рафта, чун паёмҳои солҳои пешин мавзӯъҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, рушди миллӣ ва бақову сарнавишти давлату миллатро дар марҳилаи имрӯза ва оянда дар бар мегирад.
Чун солҳои пешин мавзӯъҳои во-баста ба  ҳуқуқ ва қонун  дар  Паёми навбатии Пешвои миллат низ ҷойгоҳи намоён дошта, дар ин замина, аз ҷумла чунин тазаккур дода шуд: «Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд. Яке аз иқдомоти муҳим дар ин самт якҷо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид намудани тағйиру илова  ба  шаш қонун  ва  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки аз ҷониби сокинони мамлакат дастгирӣ ёфт».
Дар ҳақиқат бурду бохти давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандие, ки аз сатҳи такмилёфтаи инкишофи ниҳодҳои демократӣ бархӯрдор аст, дар паси ҳар ҳарфи қонун, таъмини волоияти он ниҳон аст. Аз ин ҷост, ки вақте ягон навъ самти  нави  муносибат, уфуқи тозаи фаъолиятро роҳандозӣ карданӣ мешаванд, пеш аз ҳама заминаи меъёрӣ – ҳуқуқии онро фароҳам меоваранд.
Мо кормандони мақомоти судӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи хизматии хеш таъкидҳои Сарвари давлатро дар хусуси таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сармашқи кори худ қарор дода, бо масъулияти баланд, дарки муқаддасоти касбӣ тамоми азму талоши лозимро анҷом хоҳем дод, то эътимоди мардум ба низоми ҳуқуқии давлат доимо боло бошад. Меъёри адолати судӣ ҳамеша тантана кунад ва ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олӣ устувору побарҷо ва бегазанд боқӣ монад.
Бо ин роҳ метавонем дар раванди рушди миллӣ, саодати мардум, расидан ба ояндаи дурахшон, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон саҳм гузорем. Боварии мардумро ба фардои наку ва тараққиёти кишварамон, инчунин, таъмини зиндагии шарафмандонаи аҳолии мамлакатамон қавӣ гардонем.
Дар ин ҷодаи пурифтихор Паёми Пешвои миллат барои мо маромномаи ҳадафрас аст. Зеро Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ чун барномаи мукаммали раҳнамунсоз барои сафарбарии миллӣ ба нафъи инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, суръат бахшидан ба раванди дигаргунсозиҳои демократӣ ва инфрасохторӣ ба шумор меравад.
Басо муҳим ва ҳалкунанда аст, ки намояндагони касбу кори гуногун, тамоми табақаҳои ҷомеа дар татбиқи талаботи Паёми Сарвари давлат фаъолу намуна бошанд, фаъолияти худро дар арсаҳои гуногун мутобиқ ба он тарҳрезӣ ва содиқонаву пайгирона амалӣ созанд. Танҳо дар ин ҳолат мо метавонем сарҷамъона, якдилу яктан шуда, пояҳои Истиқлолияти давлатиро қуввату устувории бештар бахшем, шукӯҳу эътибори кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардорем ва ҳамчун ворисони фарҳангу тамаддуни оламшумул миллати шоиста ва сарбаланд будани хешро бори дигар собит намоем.
Суҳроб  РӮШАНЗОДА,
раиси  суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2018    №: 36    Мутолиа карданд: 1339
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед