энергетика
БУНЁДИ ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИИ 110/10 КВ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода ва директори минтақавии Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ Сон Сун-ил Протоколи музокирот оид ба лоиҳаи «Сохтмони шабакаи барқӣ ва беҳдошти сатҳи хизматрасонии соҳаи тандурус- тии Ҷамоати деҳоти Ромит» ба имзо расид.
Зикр шуд, ки татбиқи ин лоиҳа дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат 4 июни соли 2016 дода шуда буданд, роҳандозӣ мегардад.
Чуноне таъкид гардид, дар доираи лоиҳаи мазкур барои бо барқ таъмин кардани деҳаҳои Ғускеф, Пичеф, Қоқу, Девдара, Новаки Поён, Новаки Боло, Пушандоч, Вистан ва Дашти Мазор зеристгоҳи барқии 110/10 кВ бунёд гашта, наздики 53 км хатҳои интиқоли барқи 10 кВ ва 0,4 кВ кашида мешаванд. Дар баробари ин, як қатор иншооти тандурустӣ низ сохта шуда, трансформаторҳо ва таҷҳизоти муосири назорату ҳисоби неруи барқ насб мегарданд.
Татбиқи лоиҳа, пеш аз ҳама, имкон фароҳам хоҳад овард, ки сокинони ин деҳаҳо пурра бо неруи барқ таъмин гашта, аз хизматрасонии тиббии ҳозиразамон бархӯрдор шаванд.
Мавриди зикр аст, ки барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони шабакаи барқӣ ва беҳдошти сатҳи хизматрасонии соҳаи тандурустии Ҷамоати деҳоти Ромит» аз ҷониби Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ ҷудо намудани 6 миллион доллари ИМА маблағи грантӣ дар назар дошта шудааст.
АМИТ «Ховар»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.02.2018 №: 36 Мутолиа карданд: 17342