logo

номаҳо

ЧАРО ҲОҶӢ ҚАРОРИ СУДРО ИҶРО НАМЕКУНАД?

Ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор аз ин Ватани ободу озод ва шукуфо менамоям, шукр мекунам, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва фазои орому осоишта умр ба сар мебарам, аз имконияту шароитҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат баҳрамандам. Аммо рафтори ноҷавонмардонаи баъзе одамон маро сахт нигарон ва саргардон кардааст.
11 августи соли 2016 тахминан соати 13 доду фарёди занамро шунида, ҷаҳида аз хона баромадам. Дидам, ки анҷомхонаам дар алангаи оташ қарор дорад. Аз беэҳтиётии зани ҳамсоя Гулаева Хайринисо Ҷумаевна ошхонааш оташ гирифта, алангаи он ба анҷомхонаи мо часпидааст. То омадани мошини оташнишонӣ анҷомхона ва каҳдону дигар чизу чораамон ба коми оташ рафт. Маблағи умумии зарар 30 ҳазор сомониро ташкил дод.
Бо розигии тарафайн намояндагони оташнишонӣ ва мақомоти интизомӣ ҳалли масъаларо миёни мо - ҳамсояҳо вогузор намуда рафтанд. Вале ҳамсоя Маматқул Гулаев, ки он вақт раиси маҳалла низ буд, якбора аз пардохти зарари расонда даст кашид. Аз ноилоҷӣ ба суд муроҷиат намудам. Суд аз 10 майи соли 2017 ҳалнома бароварда, Маматқул Гулаевро уҳдадор намуд, ки барои зарари расондааш ҷамъ 25154 сомонӣ ба ман пардохт намояд. 27 сентябри соли 2017 суди болоӣ шикояти касатсионии М. Гулаевро рад карда, ҳукмро бетағйир мононд. Аммо ҳамсояам то ҳол маблағи зарари расондаашро кашол дода мегардад, ҳарчанд имконияти зиёди пардохти онро дорад.
Маматқул Гулаев, ки роҳбари дастаи футболи «Кӯктош», директори варзишгоҳи марказии ноҳия ва соҳибкор низ мебошад, дидаю дониста аз пардохти товони зарари ба ман ва оилаам расонда, ки онро ҳалномаҳои суд низ тасдиқ мекунад, саркашӣ карда истодааст. Ман бошам, барои сохтани бинои сӯхта ва барқарор кардани дигар зарарҳо ба маблағи мазкур эҳтиёҷ дорам. Ӯ имкони дар як рӯз пардохт кардани ин маблағро дорад, вале нисбат ба қонун, ба ҳукми суд нописандӣ мекунад ва касе нест, ки лаҷоми ӯро кашад.
Ман маъюби гурӯҳи 2 ва фарзандам маъюби гурӯҳи сеюм аст. Аммо ҳоҷӣ Маматқул мегӯяд, ки «ман ҳар моҳ 150 сомонӣ медиҳаму халос». Аз соли 2016 тасаввур кунед, ки ин ҳоҷӣ дар ду марҳила, 300 ва 150 сомонӣ пардохтаасту тамом. Ӯ бо ин роҳ пардохти товонро тӯли 14 сол давом додан мехоҳад. Магар ин аз рӯи инсофу адолат аст? Анҷомхонаи ман бояд 14 сол зери барфу борон монад? Бигзор хонандаи муҳтарам андеша кунад, ки рафтори ҳоҷӣ Маматқул нисбат ба як маъюби зарардида ба кадом роҳи инсонӣ ва мусулмонӣ рост меояд.
Азбаски Маматқул Гулаев иҷрои қарори суд ва пардохти маблағи зарари ба ман расондаашро кашол медиҳад, зарур шумурдам, ки ин бор ба гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» муроҷиат намоям. Ба умеде, ки пас аз он масъулон ҳақро ба ҳақдор расонанд.
Сафар САФАРОВ,
сокини ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён,
кӯчаи Қарахон Сардоров, хонаи 9


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2018    №: 36    Мутолиа карданд: 1274
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед