logo

маориф

ДАТ. ТАҚВИЯТИ ТАФАККУРИ ТЕХНИКӢ НОГУЗИР АСТ

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд. Таҷлили ҷашнҳои аҷдодӣ рукни худшиносии миллӣ ва огоҳӣ аз таърихи гузашта аст. Ин ҷашнҳои сегонаи кишоварзианд, ки бо ҳам пайвастагии ногусастанӣ доранд ва аз омодагӣ ба давраи донапошӣ, кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил дарак медиҳанд.
Боиси сарфарозист, ки бо талошҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи 64 - уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон шудани 21 март қатънома қабул кард ва бо ҳамин Наврӯзи тоҷикон ва қавмҳои ориёӣ ҷаҳонӣ шуд. Ҷашни Меҳргон бо риояи расму анъанаҳои ориётаборон дар аксар кишварҳо таҷлил мегардад. Ҷашни  Сада низ ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ҳидоятҳои Сарвари давлат  эҳё гардида, умри дубора меёбад.
Пешвои миллат дар Паём таъкид намуданд: «Нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ аз се самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Мо, махсусан дар соҳаи илму маориф, иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодаем».
Дар Паём пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ шуда, барои расидан ба ин ҳадаф истифода аз технологияҳои муосир, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим арзёбӣ гардидааст. Дар ҳақиқат, дар зинаи имрӯзаи инкишофи ҷомеаи башарӣ танҳо кишваре дар мавриди истифодаи сарватҳои табиӣ ва шароити иқлимии худ ба муваффақият ноил мегардад, ки қудрату тавоноии истифодаи техникаю технологияи муосирро дошта бошад.  Моро лозим аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кор намуда, дар самти ихтирои техника ва технологияҳои инноватсионӣ ҷаҳду талош намоем. Мо бояд донишҷӯёни лаёқатмандро ба бюроҳои конструкторӣ, марказҳои дарёфту рушди истеъдодҳо, ҷамъияти илмии донишҷӯён ва дигар созмонҳои касбӣ ҷалб созем, то онҳо тавонанд истеъдоди хешро ба манфиати халқу Ватан истифода баранд. Дар ҷаҳони муосир омили асосии рушди устувори иқтисодиёт ва ноил гардидан ба сатҳи баланди зиндагии аҳолӣ гузаштан  ба рушди инноватсионӣ мебошад.  Мо бояд ба ташаккули низоми миллии инноватсионии худ дар асоси принсипҳои умумии фаъолияти инноватсионӣ ва дар баробари ин, бо назардошти хусусиятҳои мамлакат кӯшиш намоем.  Ба ҳамин хотир, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020 таҳия ва қабул гардидаанд. Сиёсати пешгирифтаи кишварамон дар самти рушди инноватсионӣ мо - аҳли илму маорифро вазифадор менамояд, ки мундариҷаи фаъолияти ҳамарӯзаи худро барои дар зеҳни насли ҷавони кишвар ҷой додани тафаккури техникӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои тадқиқотиамон бештар тақвият диҳем.
Пешвои миллат дар Паём таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кишвари татбиқкунандаи “иқтисоди сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 дарсади барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Дар баробари бунёди иншооти нави тавлиди неруи барқи обӣ таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда зарур ва ҳатмист. Дар сохтмону таъмири неругоҳҳои барқи обии кишвар ҳоло зиёда аз 16 ҳазор мутахассисон фаъолият доранд. Аксари онҳо мутахассисони ватанианд. Бо рушди энергетика зарурати омода намудани мутахассисони баландпояи соҳаи муҳандисӣ дар пойгоҳи муассисаҳои таълимии олии кишвар боз ҳам меафзояд.
22 марти соли равон раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Пешвои миллати мо - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад. Ба ифтихори ин рӯйдоди бузург дар донишгоҳ конференсияи илмӣ - амалии ҷумҳуриявӣ, Олимпиадаи IV байналмилалӣ барои донишҷӯён доир гардид.
Тайи ду соли охир дар донишгоҳ бо ҷалби маблағгузории хориҷӣ 4 озмоишгоҳи илмӣ – тадқиқотии ҳозиразамон таъсис дода, бо дастгоҳҳои муосир таҷҳизонда шуданд. Олимони донишгоҳ, ҷумҳурӣ, хориҷӣ ва мутахассисони дигар метавонанд аз онҳо самаранок истифода баранд. Имсол раёсати донишгоҳ иқдом гирифтааст, ки дар самти фанҳои табиию риёзӣ се озмоишгоҳи нав ташкил намояд. 
Мо, аҳли донишгоҳ, мақсад дорем, бо истифода аз иқтидори зеҳнии худ раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳоро дар истеҳсолот вусъат бахшида, баҳри баланд бардоштани қобилияти рақобати илми ватанӣ корҳои тадқиқотиву технологиро ривоҷ диҳем, барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ ва баҳри ҳифзи Тоҷикистони азизамон  бештар кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ ва ифротгароӣ мубориза барем. Дар ин ҷода Паём қутбнамои фаъолияти минбаъдаи мо қарор мегирад.
Салимзода Амонулло Файзулло,
ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, профессор, узви вобастаи АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2018    №: 37    Мутолиа карданд: 1160
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед