logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

РИШВА
муфаттиши милитсияро ба курсии айбдорӣ шинонд
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як корманди мақомоти корҳои дохилиро зимни гирифтани 1000 доллари амрикоӣ ҳамчун пора дастгир намуданд.
Тибқи гузориши сомонаи агентӣ, муфаттиши ШВКД - 2 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Рамзиддин Сафаров ин маблағро «барои бо маводи санҷишии дар пешбурдаш қарордошта қабул намудани қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрванд «А» талаб намудааст». Номбурда зимни гирифтани 1000 доллари амрикоӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуда, далели шайъӣ аз ӯ гирифта шуд.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Рамзиддин Сафаров бо моддаи 319 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

КУШТОР
Ҷинояте, ки баъди 18 сол ошкор гардид
Кормандони мақомоти милитсия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парда аз рӯи ҷинояти бераҳмонае бардоштанд, ки 18 сол муқаддам содир шудааст.
Бар пояи иттилои сомонаи ВКД, шахси гумонбар дар ин ҳодиса, марди 55 - солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, соли 2000 - ум дар ҳавлии истиқоматии бародараш бо марди он замон 41 - солаи сокини шаҳри Хуҷанд, миллаташ белорус, муноқиша карда, ӯро бо зарби хишт сахт маҷрӯҳ мекунад, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Гумонбаршуда, ки рӯзи 14 феврал боздошт гардид, он замон бо мақсади  рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудааш ҷасади кушташударо дар ҳавлии истиқоматии бародараш гӯр кардааст.
Ба навиштаи манбаъ, ҷасади марди 41- сола дарёфт ва мувофиқи маълумотномаи судӣ - тиббии вилояти Суғд дар он аломатҳои марги маҷбурӣ, аз ҷумла шикасти пушти косахонаи сар ошкор шуда, тафтишот оид ба ин ҳодиса давом дорад.
.
КОРРУПСИЯ
Порадиҳанда 50 000 сомонӣ ҷарима шуд
Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд Улуғбек Казаков бо моддаи 320 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне барои додани пора гунаҳкор дониста шуда, нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба маблағи 50 000 сомонӣ таъйин гардид.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки номбурда бо мақсади озод кардани падараш Маъмурҷон Казаков ва бародараш Фурқат Казаков, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар дониста шудаанд, бо ваколатдори оперативии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД капитани милитсия Б. Шамсуллоев оид ба додани пора ба маблағи 30000 доллари амрикоӣ маслиҳат намудаанд.
Баъдан, У. Казаков барои минбаъд ёрӣ намудан дар озод кардани падару бародараш ба капитани милитсия 59850 сомонӣ, 10000 рубли русӣ ва 7480 доллари амрикоиро ҳамчун пора пешниҳод намуда, оқибат ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2018    №: 38    Мутолиа карданд: 965
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед