logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОӢ. АЗ ҶАҲОЛАТ ТО ГУМРОҲӢ

Терроризм ҳамчун зуҳуроти хатарзо солҳост ба амнияти ҷомеа ва ҷони инсонҳо таҳдид намуда, қурбониҳои зиёдеро ба миён овардааст. Ҳарчанд ин вабои аср дар гузашта низ домангири ҷомеаи инсонӣ буд, вале охири асри  XX дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ташаккул ёфта, ба яке аз хатарҳои мудҳиштарин табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ин нуктаро таъкид намудаанд, ки «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Сарвари давлати мо ҳамчун ташаббускори ҳалли масоили глобалӣ аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳониро аз паёмадҳои даҳшатбори терроризму ифротгароӣ ҳушдор дода, ҳамагонро ба  муборизаи муштарак алайҳи ин зуҳуроти номатлуб даъват намудаанд.
Коршиносону таҳлилгарон низ ба ҳамин назаранд, ки дар сурати идома ёфтани чунин вазъ домони нооромиҳо боз ҳам густурдатар шуда, амнияти саросарии ҷаҳон халалдор хоҳад шуд. Таассуфовар аст, ки гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз дини мубини ислом барои худ сипар карда, амалҳои ғайриинсониро анҷом медиҳанд. Ҳол он ки ба таъкиди Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ислом дини тақво, инсофу адолат, сулҳу амният, ахлоқи ҳамида ва талқингари маънавиёти воло буда, ҳамагуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд».
Мутаассифона, бархе ҷавонони мо низ аз сабаби заъфи дониши диниву дунявӣ, шуури сиёсӣ ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтида, рӯзгори худу пайвандонашонро талху доғдор менамоянд.
Аз ин рӯ, доираҳои гуногуни ҷомеаро зарур аст, ки дар баробари ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ба кори таълиму тарбия ва камолоти маънавии насли наврас бетараф набошанд. Ҳамагон, бояд тавассути ба роҳ мондани тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ ба эҷоди мафкураи зиддитеррористӣ талош варзем. Бо пуштибонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна, ватандӯстонаву бунёдгарои Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи фазои амну осоиштаи кишвар ва саодати насибгаштаи рӯзгорамон даст ба кор бошем.
Исфандиёр БАДАЛОВ,
устоди ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2018    №: 38    Мутолиа карданд: 1039
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед