logo

маориф

МУШКИЛӢ ҲАЛШАВАНДА АСТ

«Офтобро бо доман пӯшонда намешавад!», «Ҷумҳурият», 9 феврали соли 2018

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба фаъолияти соҳаи маориф миннатпазир буда, ҳар иқдоми нек ва ташаббусу пешниҳодҳои ҷолибро дастгирӣ мекунад.

Солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 2600 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии мамлакат сохта ба истифода дода шудааст. Дар ин миён чор ноҳияи шаҳри Душанбе, аз он ҷумла ноҳияи Сино истисно нест. Масалан, соли 2017 тавассути раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ биноҳои иловагӣ барои 640 ҷойи нишаст дар ҳудуди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № № 38, 54 ва барои 320 ҷойи нишаст дар ҳудуди МТМУ № 60-и ноҳияи Сино сохта ба истифода дода шуд. Сохтмони бинои иловагӣ барои 640 ҷойи нишаст дар ҳудуди МТМУ № 50, сохтмони мактаби нав барои 744 ҷойи нишаст дар заминаи МТМУ № 96 ва азнавсозию таъмири асосии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 43 ва 95 дар нақшаи кори раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Дар мавриди бинои МТМУ № 46 – и ноҳияи Сино, ки дар мақола ҳолати ногувори он зикр ёфтааст, бояд қайд кард, ки дар муассисаи мазкур корҳои лоиҳакашӣ анҷом ёфта, хулосаи экспертизаи давлатӣ низ ҷиҳати сохтмони бинои нави 3 - ошёна барои 320 ҷойи нишаст дар як баст дар ҳудуди муассисаи таълимии мазкур гирифта шудааст. Яъне, корҳо дар ин самт тибқи тартиботи корҳои сохтмонӣ давом дошта, он рӯз дур нест, ки бунёди бинои муассисаи мазкур шурӯъ шавад.
Э.САФАРЗОДА,
сардори маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2018    №: 38    Мутолиа карданд: 1050
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед