logo

маориф

МАОРИФ. АЗ ТАШАККУЛ ТО ТАРБИЯИ АНДЕША

Омилҳои ташаккул, тарбияи андеша ва тафаккури миллӣ бештар ба  мактабу  маориф вобастагӣ доранд. Бинобар ин, соҳаи маориф аз ибтидои давраи соҳибистиқлолӣ рушду нумӯи тоза пайдо намуда, ба яке аз бахшҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар табдил ёфтааст.

Ҳарчанд дар замони шӯравӣ фаъолияти он ба комёбӣ ва дастоварди зиёд ноил гардида бошад ҳам, аз камбудию норасоӣ орӣ набуд. Якрангии нақшаҳои таълимӣ, норасоии заминаи моддию техникӣ ва  ғайра ба пешрафти соҳа то андозае монеъ мешуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз изҳор намуданд, ки: «Инкишофи маориф, илм ва фарҳанг шарти  ҷудонопазири пешрафти ҳар гуна ҷамъият аст». Сарвари давлат дар  фаъолияти хеш соҳаи  маорифро  «асоси таҳкими  аркони давлат ва наҷоти миллат» унвон карда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ қарор доданд. Пешвои миллат дар паёмҳои ҳамасолаашон ба Маҷлиси Олӣ борҳо таъкид кардаанд, ки  дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми  омӯзгор аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки «Аҳли маориф дар рушди  неруи  инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз  қувваҳои  пешбаранда ва фаъоли ҷомеа ба шумор мераванд ва пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, давлат ба сатҳи рушди маориф зич алоқаманд аст». Солҳои охир дар кишвар шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёд гардида, теъдоди онҳо ба бештар аз 4000 расидааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  маориф», «Дар бораи  масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи мактаби миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин монанд санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ таҳияву қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Сарвари давлат бо назардошти пешрафти босуръати илму техника ва равандҳои ҷаҳонишавӣ сохтмони мактабҳои наву замонавӣ, таъмини синфхонаҳо бо  технологияи  компютериро аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати ҷумҳурӣ медонанд.
Қабули Барномаи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти олию умумӣ маҳз ба амалӣ шудани ҳадафҳои созанда ва фароҳам овардани  шароити мусоиди таълим равона шуда буд. Аз 1 - уми сентябри соли 2018 зиёд шудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ низ мо - омӯзгоронро басо  рӯҳбаланд намуд. Ин далели таваҷҷуҳи  ҳамешагии Пешвои миллат ба кормандони соҳа мебошад. Аз ҷониби дигар ин амал шаҳодати рушди ботадриҷи иқтисодиёти кишвар низ мебошад.
Рухшона ҒАЙЗУЛЛОЕВА,
омӯзгори МТМУ - и № 30, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2018    №: 39    Мутолиа карданд: 1098
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед