logo

ҳуқуқ

НОБОЛИҒОН. ЧАРО КОМИССИЯҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ХУДРО ИҶРО НАМЕКУНАНД?

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳти № 835 аз 8 феврали соли 2017 ба тасвиб расид, ки он таъмини иҷрои ҳар як сархат, қисм ва моддаҳои қонунро аз ҷониби вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба самти фаъолияташон  ба таври мушаххас муайян намудааст.
Бо  назардошти нақш  ва  аҳамияти   муҳим доштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" Шоҳ Абдулло, муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат иброз дошт, ки соли сипаришуда 211 санҷиш гузаронда шуда, оид ба иҷрои талаботи қонуни мазкур, ҷиҳати бартарафсозии қонунвайронкуниҳои ҷойдошта, сабабу шароитҳои мусоидаткарда, 3739  санади эътиноии прокурорӣ, аз ҷумла 214 амр, 122 эътироз,  277 пешниҳод  ирсол гардид.
Дар рафти санҷиши гузарондаи прокуратураи шаҳри Хуҷанд муайян шудааст, ки ноболиғон Ғолибҷон ва Парвиз Собировҳо, хонандагони синфҳои 9 ва 4 МТМУ №16, аз бемасъулиятии падару модарашон истифода намуда, 182 соат дар дарсҳо иштирок накарда, ба оворагардӣ ва дигар корҳои берун аз таълим машғул шудаанд. Оид ба ин ҳолат нисбат ба волидайни ноболиғон бо моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва ба суд ирсол шуд.
Тибқи сархати 3 моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” падару модар уҳдадоранд, ки ба тарбия фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд.
Мутаассифона,  сокини  шаҳри Панҷакент Қ. Эгамов хилофи ин талаботи қонун амал намуда, муддати тӯлонӣ, зиёда аз 24 моҳ қасдан барои ҳифзи саломатӣ ва ташаккули ҷисмонии фарзандони хурдсолаш Абдулло ва Нигина шароит фароҳам наоварда, аз таъминоти моддии фарзандони ноболиғаш саркашӣ намудааст. Прокурори шаҳри Панҷакент 4 декабри соли 2017 нисбат ба Қ. Эгамов бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.
Айнан ҳамин тавр, барои барқасдона саркашӣ намудан аз таъмини фарзандон бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятӣ 452 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Таҳлилҳо собит намуданд, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда фаъолияти сохторҳои ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раёсату шуъбаҳои маориф, масъулони муассисаҳои таълимӣ, комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак ва маҷлисҳои вакилони шаҳру ноҳияҳо дар ин самт ҷавобгӯи талабот набуда, ҳолатҳои ошкоршуда дар сатҳи лозима ба роҳ монда  нашудани ташкили кор ва аз набудани назорати ҷорӣ дар ин самт шаҳодат медиҳанд.
Назар ба гуфтаи Ш. Абдулло, комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки аксар шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро танҳо бо баррасии маводи алоҳида нисбат ба ноболиғони қонунвайронкунанда, ки ба унвони онҳо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид шудаанд, маҳдуд гардонда, вазифаҳои асосии худро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии кӯдак, расондани кумак ба кӯдакон дар барқароркунии ҳуқуқи вайроншуда, ташкили назорат ҷиҳати ба кӯдак фароҳам овардани шароитҳои муносиби нигоҳубин, тарбия, таълим, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва ғайра, ки ба беназорат ва бесаробон мондани ноболиғон мусоидат намудаанд, иҷро намекунанд.
Мунаввари САФАР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2018    №: 39    Мутолиа карданд: 1223
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед