logo

порлумон

КОНВЕНСИЯИ СҲШ МУҚОВИМАТ АЛАЙҲИ ЭКСТРЕМИЗМРО ПУРЗӮРТАР МЕГАРДОНАД

Мансурҷон Умаров, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии Конвенсияи Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ) дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иброз дошт, ки он ба мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай аз тарафи мутахассисони мақомоти ваколатдори давлатҳо дар доираи сохтори минтақавии зиддитеррористии ин созмон таҳия гардидааст.

Конвенсияи мазкур ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва амнияти миллӣ, ошкорсозӣ, огоҳонӣ ва пешгирӣ намудани экстремизм, бартараф намудани таъсири он ва, инчунин, ошкору рафъ намудани сабаб ва ҳолатҳое, ки барои амалисозии он мусоидат кардаанд, равона карда шудааст. Ин ҳуҷҷат барои давлатҳои аъзо мафҳумҳои ягонаи экстремизм, амали экстремистӣ, маблағгузории экстремизм, маводи экстремистӣ ва муқовимат ба экстремизмро пешбинӣ намуда, онҳоро барои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар сатҳи миллӣ уҳдадор месозад. Ҳамчунин, тартиби ҳамкории мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзоро вобаста ба ошкор, пешгирӣ ва қайд намудани фаъолияти экстремистӣ ба танзим дароварда, истифодаи қаламрави як давлатро барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ ба муқобили дигар давлат манъ менамояд. Санади мазкур шароит фароҳам меорад, ки мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзо амалиёти муштарак гузаронда, кормандони худро ба ҳудуди давлатҳои якдигар, ҷиҳати иштирок дар амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва ҳаракатҳои тафтишотӣ сафарбар намоянд.
Таъкид шуд, ки Конвенсияи Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат ба экстремизм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2018    №: 40    Мутолиа карданд: 5186
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед