logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 9, мод. 838; с.2013, №12, мод. 889, 890; с.2015, № 3, мод. 210, № 11, мод. 965, мод.966; с.2016, № 3, мод. 150, № 11, мод. 883; с. 2017, № 1-2, мод. 21, № 5, қ.1, мод. 280), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 21 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи андоз
1. Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд, шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд ва (ё) барои ҳуқуқвайронкунии андоз ҷавобгариро муқаррар мекунанд, уҳдадории нави андозсупорандагон ва иштирокчиёни дигари муносибатҳоеро, ки қонунгузории андоз танзим менамояд, муайян мекунанд, қувваи бозгашт надоранд.
2. Ба санадҳои қонунгузории андоз, ки ҷавобгарӣ ва (ё) уҳдадориро оид ба вайрон кардани қонунгузории андоз бартараф ё сабуктар мегардонанд ё барои ҳимояи ҳуқуқҳои андозсупорандагон, агентони андоз ва намояндагони онҳо кафолати иловагиро пешбинӣ менамоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст қувваи бозгашт дода шавад.
3. Санади меъёрии ҳуқуқие, ки муқаррар ё пурзӯр намудани ҷавобгарии ҳуқуқиро дар соҳаи андоз пешбинӣ менамояд, андозҳои навро муқаррар мекунад ва (ё) шароити андозсупорандагонро вазнин менамояд, баъд аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор мегирад, агар дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳолати дигар муқаррар нашуда бошад.
4. Дар сурати вуҷуд доштани духӯрагӣ ва (ё) ихтилофот байни муқаррароти Кодекси мазкур ва (ё) мавҷуд набудани муқаррароти зарурӣ (норасоӣ) ҷиҳати танзими муносибатҳои андозӣ, мақомоти андоз ва (ё) суд ба фоидаи андозсупоранда қарор қабул менамоянд.
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми духӯрагӣ ва (ё) ихтилофот байни муқаррароти Кодекси мазкур гуногунфаҳмии меъёрҳо ва (ё) вуҷуд доштани ду ё якчанд муқаррарот фаҳмида мешавад, ки аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа ба ҳам мухолиф мебошанд.».
2. Дар қисми 6 моддаи 6 калимаҳои «сармоягузорӣ ба» ба калимаҳои «ҷалби сармоя ва дастгирии» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 1 моддаи 11 ва минбаъд дар тамоми матни Кодекси мазкур калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
4. Қисми 1 моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«1. Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – лоиҳаҳое, ки дар заминаи созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузории (амалисозии) онҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва давлатҳои хориҷӣ (ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ), ташкилотҳои ватанӣ, хориҷӣ ва байналмилалии молиявӣ пешбинӣ гардида, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ба феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ (имтиёзнок) ворид карда шудаанд. Ба феҳристи мазкур, инчунин, лоиҳаҳо оид ба сохтмони иншооти иҷтимоӣ, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ройгон дода мешаванд, ворид  мегарданд. Тартиби пешбурди феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.».
5. Дар моддаи 17:
- дар банди 15) калимаҳои «татбиқи сиёсати давлатӣ мутобиқи Кодекси мазкур додани афзалиятҳои» ба калимаҳои «ҷалби сармоя ва дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт додани имтиёзҳои андозии» иваз карда шаванд;
- ба зербанди г) банди 24) пас аз калимаи «қарздиҳандагон» калимаҳои «(ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 64 ва 78 Кодекси мазкур пешбинишуда)» илова карда шаванд;
- ба банди 39) пас аз калимаҳои «иҷро менамоянд» калимаҳои «, инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо мақсадҳои андозбандӣ дар асоси қонун ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамояд» илова карда шаванд.
6. Дар қисми 5 моддаи 23 калимаҳои «иттилоот», «иттилооти», «25 фоиз» ва «ҳисоб намоянд» мувофиқан ба калимаҳои «маълумот», «маълумоти», «10 фоиз» ва «ҳисоб менамоянд» иваз карда шуда, калимаҳои «ҳуқуқ доранд» хориҷ карда шаванд.
7. Дар моддаи 24:
- қисми 10 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 11 ва 12 мувофиқан қисмҳои 10 ва 11 ҳисобида шаванд.
8. Дар қисми 19 моддаи 25 калимаҳои «ҳуқуқ доранд» хориҷ карда, калимаҳои «иттилооти» ва «намоянд» мувофиқан ба калимаҳои «маълумоти» ва «менамоянд» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 29: 
- дар қисмҳои 2 ва 3 рақами «15» ба рақами «25» иваз карда шавад;
- дар қисми 4 рақами «24» ба рақами «36» иваз карда шавад;
- ба сархати панҷуми қисми 9 пас аз калимаи «фаъолияткунанда» дар қавсайн калимаҳои «(ба истиснои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ)» илова карда шаванд.
10. Ба моддаи 34 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Гузаронидани санҷиши андоз танҳо дар маҳали ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ ва (ё) маҳали фаъолияти андозсупоранда амалӣ карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки субъекти санҷидашаванда барои санҷишгар утоқи кориро таъмин карда натавонад.».
11. Дар моддаи 37:
- ба қисми 2 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Гузаронидани назорати камералӣ барои давраҳои санҷишҳои маҷмӯию мавзӯии гузаронидашуда, такроран гузаронидани назорати камералӣ, инчунин, зиёда аз як маротиба дар шаш моҳи тақвимӣ гузаронидани назорати камералӣ манъ аст, ба истиснои назорати камералие, ки тибқи супориши хаттии роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ таъйин мегардад.»;
- дар қисми 3 рақами «5» ба рақами «10» иваз карда шавад;
- дар қисми 4 пас аз калимаи «шаванд» калимаҳои «ва аз ҷониби он эъломияҳои иловагӣ пешниҳод нашавад» илова карда шаванд.
12. Ба моддаи 40 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7. Татбиқ намудани натиҷаи муоинаи хронометражӣ барои давраҳои гузаштаи андозӣ манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 6 моддаи 23 Кодекси мазкур пешбинишуда.».
13. Дар моддаи 73:
- ба қисми 5 сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- аз рӯи маблағи қарзҳои мушкилситон – аз санаи қабули қарор оид ба шомил намудан ба чунин қарзҳо;
- аз рӯи маблағи қарзи муҳлати пардохташ тибқи Кодекси мазкур батаъхиргузошташуда – аз санаи қабули санади дахлдор;»;
- дар қисми 9 рақами «0,08» ба рақами «0,05» иваз карда шавад.
14. Дар қисми 1 моддаи 75 рақами «8» ба рақами «9» иваз карда шавад.
15. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 78 калимаи «дуюм» ба калимаи «сеюм» иваз карда шавад.
16. Ба қисми 1 моддаи 81 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Санадҳо ва қарорҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи Кодекси мазкур ҳисоб, таҳия ва қабул гардида, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро маҳдуд ё манъ менамоянд, эътибори қонунӣ надоранд.».
17. Дар сархати бистудуюми қисми 1 моддаи 90 рақами «10» ба рақами «30» иваз карда шавад.
18. Дар банди 1) қисми 1 моддаи 110, банди 4) қисми 2 моддаи 169, сархати дуюми моддаи 250, сархати шашуми қисми 1 моддаи 274 ва сархати чоруми моддаи 278 калимаҳои «ташкилотҳои динӣ», «ташкилоти динӣ» ва «иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои динӣ» мувофиқан ба калимаҳои «иттиҳодияҳои динӣ» ва «иттиҳодияи динӣ» иваз карда шаванд.
19. Ба қисми 5 моддаи 125 пас аз калимаи «марказонидашуда» калимаҳои «то санаи 15 моҳе, ки пас аз семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад,» илова карда шаванд.
20. Дар моддаи 169:
- ба қисми 2 бандҳои 10) ва 11) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«10) Таҳвили (фурӯши) либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ, ки номгӯи онҳо бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия  ва мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.
11) Таҳвили (фурӯши) маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ, ки номгӯи онҳо бо пешниҳоди мақоми ваколатдор дар соҳаи тандурустӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.»;
- дар қисми 4:
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) барои ташаккул ё пурра кардани фонди (сармояи) оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда, ба шарте ки ин молу мулк мустақиман дар истеҳсоли молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода шуда, ба категорияи молҳои зераксизӣ мансуб набошад. Дар сурати барҳамдиҳии чунин корхона ё аз ҷониби ин корхона дар давоми ду сол аз лаҳзаи воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода нашудан, ё ба шахси дигар таҳвил намудани таҷҳизоти истеҳсолии технологӣ ва маҳсулоти такмилие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, андоз аз арзиши иловашуда, ки мутобиқи ҳамин сархат пардохта нашудааст, ба буҷет бе амалисозии баҳисобгирӣ мутобиқи моддаи 183 Кодекси мазкур ситонида мешавад, ба истиснои воридоти чунин таҷҳизот дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг);».
- дар сархати дувоздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда, сархатҳои сездаҳум, чордаҳум, понздаҳум шонздаҳум ва ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
« - воридоти ашё (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳои дӯзандагие, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
- воридоти техникаи таъйиноти кишоварзӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
- воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
- воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат;
- воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва (ё) ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво.»;
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Воридот ва таҳвили минбаъдаи автомашинаҳои нав (аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) бо мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 аз пардохти 50 фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.».
21. Дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 201 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда, сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) бо мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 аз пардохти 50 фоизи меъёри муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
22. Дар қисми 2 моддаи 224 ва қисми 2 моддаи 229 калимаи  «баландтари» ба калимаи «дигари» иваз карда шавад.
23. Аз қисми 2 моддаи 276 калимаҳои «ва дигар объектҳое» хориҷ карда шаванд.
24. Дар номи боби 47  пас аз калимаҳои «КОРХОНАҲОИ  НАВТАЪСИС» калимаҳои «ВА КОРХОНАҲОИ АМАЛКУНАНДА» илова карда шаванд.
25. Дар моддаи 313:
- дар ном  ва  матни  модда  пас  аз калимаҳои «корхонаҳои навтаъсис» ва «корхонаи навтаъсис» калимаҳои «ва корхонаҳои амалкунанда» илова карда шаванд;
- сархати якуми қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- номгӯи корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда, инчунин, имтиёзҳои андозии пешбининамудаи қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда ба муҳлати то 12 сол аз 1-уми январи соли ба қайди давлатӣ гирифтани корхонаҳои навтаъсис ва барои корхонаҳои амалкунанда аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур муайян карда мешавад;».
26. Дар номи боби 471 калимаи «ХОҶАГИҲОИ» ба калимаи «КОРХОНАҲОИ» иваз карда шавад.
27. Дар моддаи 3131:
- дар номи модда калимаи «хоҷагиҳои» ба калимаи «корхонаҳои» иваз карда шавад;
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво (минбаъд – корхонаҳо) ба муҳлати 6 сол аз супоридани андозҳои зерин озод карда мешаванд:
- андоз аз фоида;
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андозҳо аз молу мулки ғайриманқул.»;
- қисмҳои 2 ва 4 хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 5 калима ва рақамҳои «қисмҳои 2 ва 4» ба калима ва рақами «қисми 1» иваз карда шаванд;
- қисмҳои 3, 5 ва 6 мувофиқан қисмҳои 2, 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
28. Муқаррароти моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2013 «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 12, мод. 889) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 феврали соли 2018, № 1511


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 7 феврали соли 2018, № 996


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2018, № 509


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2018    №: 42-43    Мутолиа карданд: 1697
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед