logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 380; с. 2015, № 7 - 9, мод. 698; с. 2016, № 7, мод. 603) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 2 моддаи 16 ва қисми 2 моддаи 18 пас аз калимаҳои «Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» калимаи «судяҳои» илова карда шавад.
2. Дар қисми 8 моддаи 19 калимаҳои «Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят» ба калимаҳои «судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят» иваз карда шаванд.
3. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 32, сархати якуми моддаи 33, сархати якуми моддаи 34, сархати якуми моддаи 35, сархати якуми моддаи 36, сархати дуюми моддаи 38, сархати дуюми қисми 2 моддаи 39, сархати якуми моддаи 40, сархати якуми моддаи 41, сархати якуми қисми 1 моддаи 42, сархати якуми моддаи 54, сархати якуми моддаи 55, сархати якуми қисми 1 моддаи 56, сархати сеюми қисми 1 моддаи 63, сархати якуми моддаи 64, сархати якуми қисми 1 моддаи 65, сархати якуми қисми 1 моддаи 71, сархати якуми моддаи 76, сархати чоруми қисми 1 моддаи 77, сархати якуми моддаи 78, сархати якуми қисми 1 моддаи 79, қисми 1 моддаи 82, сархати дуюми қисми 1 моддаи 83, сархати якуми моддаи 84, сархати якуми қисми 1 моддаи 85, сархати якуми қисми 1 моддаи 87, сархати сеюми қисми 1 моддаи 88, сархати якуми моддаи 89 ва сархати якуми қисми 1 моддаи 90 калимаи «таъмин» ба калимаи «назорат» иваз карда шавад.
4. Сархатҳои шашум, дувоздаҳум ва понздаҳуми қисми 1 моддаи 53 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- ҷадвали воҳиди кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, Низомномаи Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамали мансабии Раёсат, шуъба ва бахшҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамали коргузории судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, кормандони Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;
- нисбати судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, муовинони онҳо ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе бо асосҳои дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомӣ оғоз менамояд;
- барои дар марҳилаи якум дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастҷамъӣ баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ ҳайати судӣ ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро муайян мекунад;».
5. Ба қисми 1 моддаи 56 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- эътироз ва шикояти назоратиро баррасӣ менамояд;».
6. Қисми 4 моддаи 86 хориҷ карда шавад.
7. Сархати панҷуми қисми 1 моддаи 88 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- барои дастҷамъона баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ ҳайати судӣ ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро муайян мекунад;».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 феврали соли 2018, № 1509

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 31 январи соли 2018, №984

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2018, №502


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2018    №: 42-43    Мутолиа карданд: 1328
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед