logo

президент

Машварат дар ҳузури Сардори давлат

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат, роҳбарони як зумра вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор оид ба зимистони пешомад ва дигар масъалаҳои муҳим машварати корӣ анҷом дод.
Дар боби омодагӣ ба зимистон таваҷҷӯҳи зиёд ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани захираҳои об ва нерӯи барқ зоҳир шуд. Дар робита ба ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ҷумҳурӣ дар баробари воридот фурӯши лампаҳои тасфон ҳам дар моҳҳои наздик манъ карда шавад.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан таҳти назорати доимӣ қарор бигирад.
Аз рафти таҷдид ё худ азнавсозии агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки аллакай чархи дуюмаш аз Украина ба Тоҷикистон расид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки чархи якуми нерӯгоҳ соли равон иваз шуд ва он бо иқтидори 335 мегаватт кор карда истодааст. Чархҳои ҳамаи 9 агрегат дар зарфи 5 сол пурра иваз карда хоҳанд шуд ва дар натиҷа иқтидори лоиҳавии он, ки 3000 мегаватт аст, аз нав барқарор мегардад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили соҳаи кишоварзӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба масъулини дахлдор оид ба тезондани ҷамъоварии ҳосили пахта ва омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ супоришҳои мушаххас дод.
Баррасии рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмону навсозии роҳу пулҳо, мактабу бемористонҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ низ аз мавзӯъҳои асосии машварат буд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки сифати таълиму тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста таҳти назорат қарор дошта бошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3814
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед