logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1994 «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, №13,  мод. 195; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 9,  мод. 238; с. 2005,  № 12,  мод. 626) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонуни конститутсионӣ калимаҳои «ин Қонун», «ин Қонунро», «акт», «ҳақ», «фамилия, ном, насаб», «фамилияи», «фамилияҳое», «фамилияҳои», «ғурфа», «ғурфаҳо», «Комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ», «комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ», «Комиссияи интихоботии ҳавзавӣ», «комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳо», «Комиссияҳои интихоботии участкавӣ», «комиссияҳои интихоботии участкавӣ», «Комиссияи интихоботии участкавӣ», «Президент», «Президентӣ», «президентӣ», «Президенти ҷумҳурӣ», «Президенти Ҷумҳурӣ», «Президенти Ҷумҳуриро», «ноҳияҳо ва шаҳрҳои» ва «ноҳияҳо, шаҳрҳо» мувофиқан ба калимаҳои «Қонуни конститутсионии мазкур», «Қонуни конститутсионии мазкурро», «санад», «ҳуқуқ», «насаб, ном ва номи падар», «насаби», «насабҳое», «насабҳои», «ҳуҷра», «ҳуҷраҳо», «Комиссияҳои ҳавзавии интихобот», «комиссияҳои ҳавзавии интихобот», «Комиссияи ҳавзавии интихобот», «Комиссияҳои участкавии интихобот», «комиссияҳои участкавии интихобот», «Комиссияи участкавии интихобот», «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро», «шаҳру ноҳияҳои» ва «шаҳру ноҳияҳо» иваз карда шаванд.
2. Қисми дуюми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.».
3. Моддаи 11  бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 11. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.».
4. Қисмҳои якум ва дуюми моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданро доранд.
Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо мекунанд, ҳуқуқи дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданро надоранд.».
5. Дар моддаи 4:
- дар қисми якум калимаҳои «рӯирост ва ошкор» ба калимаҳои  «шаффоф ва ошкоро» иваз карда шаванд;
- аз қисми дуюм калимаҳои «ва ҷунбишҳои оммавӣ» хориҷ карда шуда, калимаҳои «ба тарафдорӣ ё зидди ҳар номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаи «озодона» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «маҳалли воқеъ шудани» ба калимаҳои «маҳали ҷойгиршавии» иваз карда шаванд;
- дар қисми шашум калимаҳои «воситаҳои ахбори умум», «мушоҳидачиён» ва «байналхалқӣ» мувофиқан ба калимаҳои  «воситаҳои ахбори омма», «мушоҳидон» ва «байналмилалӣ» иваз карда шаванд;
- ба қисми ҳафтум пас аз калимаҳои «номзадҳоро ба» калимаи «мансаби» илова карда шавад;
- дар қисми ҳаштум калимаҳои «мушоҳидачиёни мазкур» ба калимаҳои «мушоҳидони миллию байналмилалӣ» иваз карда шаванд.
6. Моддаҳои 41  ва 42  бо мазмуни зерин илова карда шаванд: 
«Моддаи 41. Мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллӣ
Ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида рӯйхати мушоҳидони миллиро ба комиссияҳои дахлдори ҳавзавии интихобот барои бақайдгирӣ пешниҳод намоянд. Мушоҳидони миллӣ дар рӯзи интихобот дар биноҳои овоздиҳӣ рафти интихоботро мушоҳида мекунанд.
Фаъолияти мушоҳидони миллӣ баъди бо қарори комиссияҳои дахлдори ҳавзавии интихобот тасдиқ гардидани рӯйхати онҳо оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад.
 Мушоҳидони миллӣ ҳуқуқ доранд:
- бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шаванд;
- дар хонаи овоздиҳӣ аз оғоз то анҷоми кори комиссияи участкавии интихобот ҳузур дошта бошанд;
- супоридани бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон мушоҳида кунанд;
- ҳангоми овоздиҳии интихобкунандагон берун аз ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳузур дошта бошанд;
- ҳисоби шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда, бюллетенҳои дар қуттии овоздиҳӣ мавҷудбуда, ҳисоби овозҳои интихобкунандагонро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҷараёни ҳисоби бюллетенҳои овоздиҳӣ имкон медиҳад, мушоҳида намоянд;
- бо протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот шинос шаванд;
- аз қарор ва амали (беамалии) комиссияи интихобот ба комиссияи болоии интихобот ва ё суд шикоят намоянд;
- ҳангоми ҳисоби такрории овозҳои интихобкунандагон дар комиссияҳои дахлдори интихобот ҳузур дошта бошанд.
Мушоҳидони миллӣ ҳуқуқ надоранд:
- бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон супоранд;
- бо хоҳиши интихобкунанда барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд;
- бо хоҳиши интихобкунанда бюллетенро пур кунанд;
- амале содир намоянд, ки махфӣ будани овоздиҳиро халалдор созад;
- бевосита дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссияи интихобот анҷом дода мешавад, иштирок намоянд;
- амале содир намоянд,  ки ба кори комиссияи интихобот монеа шавад ва ё дар қабули қарори комиссияи дахлдори интихобот иштирок намоянд.
Моддаи 42. Мақом ва ваколатҳои мушоҳидони байналмилалӣ
Бо мақсади мушоҳидаи интихобот, гузарондани он дар шароити шаффоф ва ошкоро, мушоҳидони байналмилалӣ даъват карда мешаванд.
Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ баъди аккредитатсияи онҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад.
Мушоҳидони байналмилалӣ ҳангоми доштани даъватнома бо тартиби муқарраргардида дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия карда мешаванд. Даъватнома аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди нашри расмии қарор дар бораи таъини рӯзи интихобот фиристода мешавад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба мушоҳидони байналмилалӣ дар бораи аккредитатсияи онҳо шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад. Шаҳодатномаи мазкур ба мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ медиҳад, ки рафти омодагӣ ва гузарондани интихоботро мушоҳида намоянд.
Мушоҳидони байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Мушоҳидони байналмилалӣ фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи Қонуни конститутсионии мазкур озодона анҷом медиҳанд. Таъминоти моддию молиявии фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ аз ҳисоби тарафе, ки онҳоро фиристодааст ё аз ҳисоби маблағи худи онҳо анҷом дода мешавад.
Мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ доранд:
- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои дигареро, ки ҷараёни интихоботро танзим менамоянд, дастрас намоянд;
- бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихобот ширкат доранд ва бо номзадҳои алоҳида вохӯрии расмӣ доир намоянд;
- дар участкаи интихоботӣ ва бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла дар рӯзи овоздиҳӣ ҳузур дошта бошанд;
- ҷараёни овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳо ва муайян намудани натиҷаи онҳоро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҳисоби бюллетенҳо имкон медиҳад, мушоҳида намоянд;
- бо натиҷаи баррасии шикоятҳо (аризаҳо) ва эродҳо вобаста ба вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба интихобот шинос шаванд;
- ба намояндагони комиссияҳои интихобот бе дахолат ба кори онҳо оид ба мушоҳидаҳои худашон иттилоъ диҳанд;
- баъди ба анҷом расидани овоздиҳӣ ақидаи худро оид ба омодагӣ ва гузарондани интихобот ошкоро изҳор намоянд;
- оид ба мушоҳидаи ҷараёни интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи худро пешниҳод кунанд.
Мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ надоранд:
- ҳангоме, ки интихобкунанда дар бюллетенҳои интихобот қайдҳои худро мегузорад, дар ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳозир бошанд;
- ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон хел мавод ё адабиёти тарғиботӣ паҳн намоянд;
- нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тартиби гузарондани интихобот афзалиятеро баён намоянд;
- аз интихобкунандагон ба тарафдории кӣ овоз додани онҳоро пурсанд;
- дар хулосаи худ аз ҳолатҳое, ки бо ҳуҷҷатҳо асоснок нагардидаанд ва қобили санҷиш нестанд, истифода баранд;
- мақоми худро барои содир кардани амале, ки ба мушоҳидаи рафти интихобот вобаста нест, истифода баранд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ аккредитатсияи онҳоро бекор менамояд.
Мушоҳидони байналмилалӣ уҳдадоранд:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, риоя намоянд;
- бо худ шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалиро дошта бошанд ва онро бо талаби комиссияи интихобот нишон диҳанд;
- вазифаҳои худро дар асоси принсипҳои бетарафии сиёсӣ, беғаразӣ, худдорӣ аз изҳори ҳама гуна афзалият, баҳодиҳӣ ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигар, шахсони мансабдор ва иштирокчиёни дигари ҷараёни интихобот анҷом диҳанд;
- ба ҷараёни интихобот дахолат накунанд;
- хулосаҳои худро дар асоси мушоҳида ва маводи воқеӣ таҳия намоянд.».
7. Дар моддаи 5:
- дар қисми якум пас аз калимаи «буҷети» калимаи «давлатии» илова карда шуда, калимаи «гузаронида» ба калимаҳои «маблағгузорӣ карда» иваз карда шавад;
- ҷумлаи якуми қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Раиси шаҳр, ноҳия дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба ташкили участкаҳои интихобот дар муддати се рӯз ҳар як участкаи интихоботиро барои гузарондани интихобот бо бино ройгон таъмин менамояд.»;
- дар ҷумлаи дуюми қисми дуюм калимаи «ҷумҳурӣ» ба калимаи «ҷумҳуриявӣ» иваз карда шавад;
- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳама гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар маблағгузорӣ ва намуди дигари дастгирии моддии маъракаи интихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.».
8. Дар қисми якуми моддаи 6 калимаи «хатми» ба калимаҳои «ба охир расидани муҳлати» иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 7 калимаҳои «рӯирост ва ошкор» ба калимаҳои  «шаффоф ва ошкоро» иваз карда шаванд.
10. Дар қисми дуюми моддаи 8 калимаи «сарҳадҳои» ба калимаи «ҳудудҳои» иваз карда шавад.
11. Дар моддаи 9:
- дар қисми дуюм калимаҳои «сарҳадҳои», «Сарҳадҳои» ва «харҷи бештар» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудудҳои», «Ҳудудҳои» ва «бештари»  иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои «сарҳадҳои» ва «воқеъ гардидани» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудудҳои» ва «ҷойгиршавии» иваз карда шаванд;
- қисми панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд - намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ) участкаҳои интихобот бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе назардошти талаботи қисмҳои якум ва дуюми моддаи мазкур ташкил карда шуда, вазифаҳои раиси комиссияи участкавии интихоботро роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ иҷро менамояд.».
12. Дар моддаи 10:
- дар номи модда калимаи «Системаи» ба калимаи «Низоми» иваз карда шавад;
- дар матни модда калимаҳои «инҳо барпо карда мешаванд» ба калимаҳои «комиссияҳои зерин таъсис дода мешаванд» иваз карда шаванд.
13. Ба моддаи 11 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонун танзим менамояд.».
14. Дар қисми якуми моддаи 12:
- дар банди 1) калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шуда, пас аз калимаҳои «ташкили интихобот» калимаҳои «қарор қабул мекунад,» илова карда шаванд;
- дар банди 2) калимаи «шуморагузорӣ» ба калимаи «рақамгузорӣ» иваз карда шавад;
- дар банди 3) калимаҳои «воқеъ гардидани» ба калимаи «ҷойгиршавии» иваз карда шаванд;
- дар банди 5) калимаҳои «хориҷ аз сарҳади» ба калимаҳои «берун аз ҳудуди» иваз карда шаванд;
- банди 7) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«7) тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллиро дар маъракаи интихоботӣ бо қарори худ муқаррар мекунад ва онҳоро бо шаҳодатномаи дахлдор таъмин менамояд;»;
- дар банди 8) калимаҳои «воситаҳои пулиро» ба калимаҳои «бо тартиби муқарраргардида маблағҳоро» иваз карда шаванд;
- дар банди 9) калимаи «шаклҳои» ба калимаҳои «шакл ва матни» иваз карда шавад;
- дар банди 12) калимаи «амали» ба калимаҳои «амали (беамалии)» иваз карда шавад;
- дар банди 13) калимаҳои «масъулияти ҷиноӣ» ба калимаҳои «ҷавобгарии ҷиноятӣ» иваз карда шаванд.
15. Ба матни моддаи 13 пас аз калимаҳои «Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ» калимаҳои «бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо» илова карда шаванд.
16. Дар моддаи 14:
- дар банди 1) калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- дар банди 2) калимаҳои «участкаҳои интихоботӣ» ба калимаҳои «комиссияҳои участкавии интихобот» иваз карда шаванд;
- ба банди 3) пеш аз калимаи «маблағҳоро» калимаҳои «бо тартиби муқарраргардида» илова карда шуда, калимаҳои «комиссияҳои интихоботӣ» ва «ҳавзаҳои интихоботӣ» ба калимаҳои «комиссияҳои участкавии интихобот» иваз карда шаванд;
- дар банди 8) калимаҳои «амали комиссияҳои ҳавзавии» ба калимаҳои «амали (беамалии) комиссияҳои участкавии» иваз карда шаванд.
17. Дар моддаи 15:
- дар ҷумлаи якуми қисми якум калимаҳои «Комиссияи» ва «мешавад» мувофиқан ба калимаҳои «Комиссияҳои» ва «мешаванд» иваз карда шуда, пас аз калимаҳои «ҳавзавии интихобот» калимаҳои «бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо» илова карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаи «ҳавзавии» ба калимаи «участкавии» иваз карда шавад.
18. Ба қисми чоруми моддаи 17 пас аз калимаи «онҳо» калимаҳои «, инчунин судяҳо, прокурорҳо, кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мушоҳидони миллӣ» илова карда шаванд.
19. Дар қисми ҳафтуми моддаи 18 калимаи «сар» ба калимаи «шурӯъ» иваз карда шавад.
20. Дар  моддаи 19:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро пешбарӣ кардаанд, худи номзадҳо ва прокурор нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ дар давоми даҳ рӯзи баъд аз қабули онҳо ба комиссияи интихоботии болоӣ ё ба суд шикоят карда метавонанд.»;
- дар қисми дуюм калимаҳои «то р ӯзи» ба калимаҳои «то рӯзи» иваз карда шаванд.
21. Дар моддаи 20:
- дар қисми якум калимаҳои «дода ва»  ва «имзо» мувофиқан ба калимаҳои «дода шуда,» ва «бо имзо ва муҳр тасдиқ» иваз карда шаванд;
- ба қисми дуюм ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Комиссияи участкавии интихобот барои барӯйхатгирии интихобкунандагон намояндагони мақомот, муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ҷалб карда метавонад.»;
- қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Рӯйхати интихобкунандагон на камтар аз 15 рӯз баъд аз ташкили комиссияҳои участкавии интихобот тартиб дода шуда, дар он насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд ва суроғаи интихобкунанда нишон дода мешавад.».
22. Дар моддаи 21:
- дар қисми дуюм калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- аз қисми сеюм калимаи «собити» хориҷ карда шавад;
- дар қисми чорум калимаҳои «шуда метавонад» ба калимаи «мешавад» иваз карда шаванд.
23. Дар моддаи 22:
- дар қисми якум пас аз калимаҳои «дар дигар участкаҳои интихоботӣ» калимаҳои «, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, санаторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхона ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, маҳалҳои дурдасту душворгузар ташкил гардидаанд,» илова карда шуда, калимаи «шиносии» ба калимаи «шиносоии» иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм:
- ҷумлаи якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар хусуси ба рӯйхат дохил нашудан, нодуруст ба рӯйхат дохил шудан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин саҳву хатои маълумот оид ба интихобкунанда шикоят кунад.»;
- калимаҳои «на камтар», «аризаи вай» ва «суди ноҳиявӣ (шаҳрӣ)»  мувофиқан ба калимаҳои «на дертар», «аризааш» ва «суд» иваз карда шаванд.
24. Дар моддаи 24:
- дар қисми якум калимаҳои «муқарраркардаи Қонун» ба калимаи «муқарраргардида» иваз карда шаванд;
- дар қисми даҳум баъд аз калимаҳои «номзадҳоро ба» калимаи «мансаби» илова карда шуда, калимаҳои «дар назар дошта шудааст» ба калимаҳои  «муқаррар гардидааст» иваз карда шаванд;
- қисми дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудаанд, новобаста ба барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судиашон, инчунин ходимони иттиҳодияҳои динӣ пешбарӣ шуда наметавонанд.».
25. Дар моддаи 25:
- дар номи модда калимаи  «Преизденти»  ба калимаи «Президенти» иваз карда шавад; 
- дар қисми дуюм:
- сархатҳо бо  аломати «-» дефис ишора карда шаванд;
- сархатҳои дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- нусхаи шиноснома (корти идентификатсионӣ);
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;
- маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ;
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
- нусхаи ҳуҷҷати расмие, ки доштани таҳсилоти олиро тасдиқ мекунад;
- хулосаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар хусуси муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ;
- маълумот оид ба надоштани доғи судӣ;»;
- аз сархати дуюм калимаҳои «, дар ҳалатҳое, ки дар ин Қонун зикр ёфтаанд» хориҷ карда шаванд;
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- аризаи номзад дар бораи розигиаш барои пешбарӣ кардан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.»;
- дар қисми чорум калимаи «медиҳад» ба калимаи «месупорад» иваз карда шавад;
- дар қисми панҷум калимаҳои «дар ин бора аз тарафи», «ноҳияҳо ва  шаҳрҳои  тобеи  марказ», «ба Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст ва» ва «як ҳафта» мувофиқан ба калимаҳои «нисбати қарори мазкур», «шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, «метавонанд ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намоянд ва ин» ва «шаш рӯз» иваз карда шаванд;
- дар қисми шашум калимаҳои «маҳалли таваллуд», «аҳволи», «пешниҳод кардааст, хабар чоп мекунад» мувофиқан ба калимаҳои «ҷои таваллуд», «вазъи», «пешбарӣ кардааст, иттилоъ медиҳад» иваз карда шуда, калимаи «номи» хориҷ карда шавад.
26. Дар моддаи 26:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шакл ва матни бюллетени интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ карда мешавад. Дар бюллетен рӯйхати номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби алифбо бо зикри насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд, ҳизбият, вазифа, ҷойи кор ва истиқомат, ҳамчунин маълумот дар бораи аз тарафи кадом мақом ва бо кадом тартиб пешбарӣ шудани номзад дохил карда мешаванд.»;
- дар қисми дуюм калимаҳои «тайёр карда мешавад» ба калимаҳои «чоп карда шуда, бояд на кам аз як дараҷаи ҳифозат дошта бошанд» иваз карда шаванд;
- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Бюллетенҳои интихобот ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар давоми на дертар аз ҳафт рӯз ва ба комиссияҳои участкавии интихобот дар давоми на дертар аз ду рӯз пеш аз интихобот бо тартиби муқарраргардида дастрас карда мешаванд.».
27. Дар моддаи 27:
- дар қисми якум калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шуда, ба ҷумлаи сеюм пас аз калимаи «вохӯриҳо» калимаҳои «аз тарафи комиссияҳои ҳавзавии интихобот» илова карда шаванд;
- аз қисми панҷум калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад;
- дар қисми ҳаштум калимаҳои «(ба истиснои таксӣ) дар қаламрави» ба калимаҳои «(ба истиснои нақлиёти ҳавоӣ, қатора ва таксӣ) дар ҳудуди» иваз карда шаванд;
- қисми нуҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе розигии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содири ҷиноят.».
28. Дар моддаи 28:
- дар қисми якум калимаҳои «дар бораи онҳо» ва «хабар медиҳад» мувофиқан ба калимаҳои «рӯйхати онҳоро» ва «пешниҳод менамояд» иваз карда шаванд;
- қисми чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ваколатҳои шахси боэътимод метавонанд ҳар вақт то рӯзи интихобот дар асоси аризаи ӯ, инчунин бо пешниҳоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пеш аз муҳлат қатъ карда шаванд.».
29. Дар қисми якуми моддаи 29 калимаҳои «аз соати 6 то 20» ва «ба интихобкунандагон хабар медиҳад» мувофиқан ба калимаҳои «аз соати 6.00 то 20.00» ва «ба ҳар як интихобкунанда хабарнома мефиристад» иваз карда шаванд.
30. Дар моддаи 30:
- дар қисми якум калимаи «умайян» ба калимаи «муайян» иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаҳои «тафтиш карда,» ба калимаҳои «санҷида шуда,» иваз ва калимаҳои «сурғуч ё» хориҷ карда шаванд;
- қисми чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳар интихобкунанда шахсан овоз медиҳад. Овоздиҳӣ ба ҷойи дигарон манъ аст. Бюллетенҳои интихобот аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихоботӣ бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият, ки номгӯи онҳоро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян мекунад, дода мешаванд. Ҳар интихобкунанда барои гирифтани бюллетени интихоботӣ дар рӯйхати интихобкунандагон дар муқобили насаб, ном ва номи падари худ имзо мегузорад.»;
- дар қисми панҷум калимаҳои «Шакли варақаи интихобот» ба калимаҳои «Шакл ва матни варақаи интихобот» иваз карда шаванд.
31. Дар моддаи 31:
- ба қисми якум пас аз калимаҳои «комиссияи интихоботӣ,» калимаҳои «шахсони боэътимод, мушоҳидони миллию байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма,» илова карда шаванд:
- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 «Овоздиҳанда дар квадрати холии бюллетени интихобот дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзаде, ки ба тарафдориаш овоз медиҳад, аломати ҷамъ «+» мегузорад.»;
- қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар сурати зидди ҳамаи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз додан, овоздиҳанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холии сатри «муқобили ҳамаи номзадҳо» аломати ҷамъ «+» мегузорад. Бюллетени пуркардашударо овоздиҳанда ба қуттии интихобот мепартояд.».
32. Дар моддаи 32:
- дар қисми якум калимаи «оиди» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шавад;
- қисми ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Протокол дар ду нусха тартиб дода шуда, аз ҷониби раис, муовини раис, котиб ва ҳамаи аъзои комиссияи участкавии интихобот бо имзо ва муҳр тасдиқ гардида, нусхаи аслии протокол бо тартиби муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фавран ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихоботӣ дастрас карда мешавад.».
33. Ҷумлаи дуюми қисми дуюми моддаи 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Протокол дар ду нусха тартиб дода шуда, аз ҷониби раис, муовини раис, котиб ва ҳамаи аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот бо имзо ва муҳр тасдиқ гардида, нусхаи аслии протокол бо тартиби муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фиристода мешавад.».
34. Дар моддаи 34:
- ба қисми дуюм пас аз калимаҳои «Интихоботи Президент» калимаҳои «дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ» илова карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «баргузор шудани интихобот эътироф карда шавад» ба калимаҳои «интихобот баргузоршуда дониста шавад» иваз карда шаванд;
- қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Натиҷаи пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тавассути воситаҳои ахбори омма дар давоми 24 соати баъди ба охир расидани интихобот эълон мекунад.»;
- қисми шашум қисми ҳафтум ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 «Натиҷаи ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ гардида, дар муддати на дертар аз даҳ рӯзи баъди ба охир расидани интихобот дар матбуот интишор мегардад.».
35. Ба қисми якуми моддаи 36 пас аз калимаҳои «ё агар ба» калимаи «мансаби» илова карда шавад.
36. Дар моддаи 37:
- дар номи модда калимаи «Қонуни» ба калимаи «Қонуни конститутсионии» иваз карда шавад;
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шахсоне, ки бо роҳи зӯрӣ, фиреб, таҳдид ё бо роҳи дигар ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардан ва интихоб шудан, бурдани ташвиқоти пешазинтихоботӣ мамониат мекунанд, инчунин аъзоёни комиссияҳои интихоботӣ, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки ба сохтакории ҳуҷҷатҳои интихобот роҳ дода, дидаю дониста овозҳоро нодуруст ҳисоб кардаанд, тартиби овоздиҳии пинҳониро вайрон кардаанд ё ба дигар вайронкунии Қонуни конститутсионии мазкур роҳ додаанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Инчунин шахсоне, ки дидаю дониста маълумоти бардурӯғро, ки шаъну эътибори номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро паст мезанад, чоп кардаанд ё ба тариқи дигар паҳн намудаанд, ё нисбати аъзоёни комиссияи интихоботӣ ба таҳқир роҳ додаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
37. Матни моддаи 38 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданаш ба вазифа шурӯъ мекунад.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 феврали соли 2018, № 1507

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 7 феврали соли 2018, № 989

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2018, № 503


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2018    №: 42-43    Мутолиа карданд: 1883
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед