logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

«КОРМАНДИ МАОРИФ»
бо 27 000 сомонӣ дастгир шуд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи як корманди корхонаи «Моҳир семент» - и ноҳияи Ёвон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Бино ба иттилои маркази матбуотии агентӣ, Абдусалом Сангов, ки дар корхонаи мазкур ба ҳайси борбардор кор мекард, моҳи августи соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд «А» даромада, аз ӯ  27 000 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Номбурда худро корманди раёсати маориф ва илми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда, аз шаҳрванд «А» ин маблағро барои ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил намуданаш талаб кардааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Сангов Абдусалом Маҳмадалиевич бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

САРХУШӢ
писарро қотили падар кард
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд марди 29 – солаеро дастгир намуданд, ки дар ҳолати мастӣ мушт бар сари падари 61 - солааш бардошта, ӯро аз ҳаёт маҳрум кардааст.
Сомонаи ВКД дар ин бора хабар дода, аз ҷумла навиштааст, ки «номбурда, рӯзи 21 феврали соли 2018 дар ҳавлии истиқоматиаш ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо падараш, муноқиша карда, бо мақсади қасдан расондани зарар ба саломатӣ, ба сари падараш аввал бо миз ва баъдан сарашро ба кунҷдевори тиреза задааст. Дар натиҷа, марди ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса, ба ҳалокат расидааст».
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

ҲАЛОКАТИ НАВРАСОН
Боздошти ронандаи фирорӣ
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандаи фирорие, ки рӯзи 22 феврал ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи 50 - солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Абайи шаҳри Душанбе пиёдагардони хурдсол Норов Ҳамзаи 10 - сола ва Норова Дилнозаи 11 - соларо пахш намуд, хабар дод. Ин хурдсолон зимни ба беморхона интиқол доданашон ҳалок гардиданд.
Ба иттилои манобеи РВКД дар шаҳри Душанбе ҷиноятро ронандаи автомашинаи тамғаи “Ауди” бо рақамҳои давлатии бегона 8867АТ 07 ва бе шаҳодатномаи ронандагӣ шаҳрванд Шарифов Маъруф Давлатмамадович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе содир намудааст, ки ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2018    №: 44    Мутолиа карданд: 1027
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед