logo

номаҳо

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ БАРҚ ЯКЕ АЗ РОҲҲОИ РАСИДАН БА ОН АСТ

Боиси сарфарозист, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарофати талошҳои пайвас- таи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати созандаи мардуми диёр сол то сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Комёбиҳо, махсусан дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, назаррас мебошанд. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикист ва барои истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда зарур аст, ки таҷдиду барқарорсозӣ ва сохтмони иншооти соҳаи энергетика босуръат идома дода, талафоти неруи барқ кам карда шавад.
Пӯшида нест, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои охир, норасоии неруи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон яке аз мушкилоти асосии мардуми кишвар маҳсуб меёфт. Дар пайи рушду нумӯи иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, афзоиши аҳолӣ, бунёди иншооти гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ, шаҳраку манзилҳои нави истиқоматӣ талабот ба неруи барқ дучанд афзуд. Маҳдудияти интиқоли неруи барқ дар ин солҳо аз 1 сентябр то моҳҳои марту апрел идома меёфт. Ҳатто имкон набуд, ки шаҳрҳои саноатӣ пурра бо неруи барқ таъмин карда шаванд.
Зуҳро Давлатова, сокини ноҳияи Синои пойтахт, бо сипосгузорӣ аз ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар, иброз дошт, ки мо бояд ба қадри ин ғамхориҳо бирасем.
- Миннатдории кулли кормандони муассисаи таълимиамонро ба Сарвари давлат мерасонам. Тайи солҳои охир нахустин мавсими тирамоҳу зимистон аст, ки дар  тамоми ҷумҳурӣ аҳолӣ бо неруи барқи доимӣ таъминанд. Шукри ободию осудагии давлат, ки имрӯз ба истиқлолияти энергетикӣ муваффақ шуда истодаем. Мо бояд аз неъматҳои истиқлолият шукрона карда, онҳоро оқилона ва сарфакорона истифода барем, ба талафи неруи барқ роҳ надиҳем ва дигаронро низ ба сарфакорӣ талқин созем, - гуфт Насрулло Бобоев, омӯзгор аз шаҳри Ҳисор.
Барои зудтар расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ зарур аст, ки  дар кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф, ҳар яки мо ҳиссагузор бошем. Истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ  ва сарфаи неруи барқ қабл аз ҳама ба худи муштарӣ манфиат дорад. Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. 
 Матлуба  ШАРИФОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2018    №: 44    Мутолиа карданд: 1418
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед