logo

порлумон

ДАСТГИРИИ ИҶТИМОӢ. ШАРТҲОИ ПАРДОХТИ КУМАКПУЛӢ БАРОИ БЕКОРӢ МУАЙЯН ШУД

Дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини саривақтии нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мавқеи махсус дошта, пайваста дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ин нукта зимни тавзеҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» аз ҷониби Сафаралӣ Наҷмуддинов, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вакилони порлумон баён шуд. Лоиҳаи мазкур дар доираи идомаи ислоҳоти соҳа ва бо мақсади мутобиқ намудани шартҳои пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ ба принсипҳои суғуртавӣ таҳия гардидааст.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» кумакпулӣ барои бекорӣ ҳамчун як намуди кумакпулии иҷтимоие, ки аз низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бармеояд, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» таъйин ва пардохт мешавад.
Мувофиқи қонуни мазкур, барои гирифтани кумакпулӣ барои бекорӣ шаҳрвандони бекоре ҳуқуқ доранд, ки дар давоми 3 соли охири пеш аз муроҷиат на камтар аз 18 моҳ собиқаи корӣ дошта бошанд ва ҳатман аз музди меҳнати ин давраи фаъолияти онҳо суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт шуда бошад. Яъне, қонуни зикршуда вобаста аз принсипҳои суғуртавӣ меъёри камтарини собиқаи кориро барои кумакпулӣ барои бекорӣ муайян намудааст.
Сафаралӣ Наҷмуддинов зикр кард, ки барои тақвияти назорати истифодаи мақсаднок ва суроғавии маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки барои ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони муваққатан бекор равона мешаванд ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар истифодаи ин маблағҳо ба моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» қисми нав ворид шуд, ки чунин механизми мукаммали ҳисоботдиҳӣ ва назорати доимии маблағҳои зикршуда дар муқаррароти қонуни амалкунанда пешбинӣ нашудааст.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба мукаммалсозии низоми идоракунии молиявии маблағҳои Буҷети давлатӣ ва самаранокии иҷрои чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ равона гардидааст.
Мунаввари САФАР,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2018    №: 44    Мутолиа карданд: 5398
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед