logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Фарҳод Тоиров, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродбой Муслимов, ҳуқуқшиноси Бюрои давлатии ҳуқуқӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Орифҷон Султонов, адвокати коллегияи адвокатҳои кафолат, мақоми минтақавии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  ҷавоб доданд.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Писарам дар Федератсияи Русия мебошад. Мехоҳад, ки манзили истиқоматиашро  фурӯшад. Оё барои анҷоми ин кор аз Русия омаданаш шарт аст, ё ягон роҳи дигари қонунӣ барои фурӯхтани хонааш вуҷуд дорад?
П. НУРУЛЛОЕВ,  ноҳияи Ҷайҳун

Тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бегона кардани моликият тавассути намояндагӣ иҷозат дода нашудааст. Аз ин лиҳоз, писари шумо метавонад, ки ваколатномаи тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи худро ба шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, фиристонад ва тавассути он манзили истиқоматиро ба фурӯш гузорад, ё бо дигар аҳдҳои муқарраршуда аз тасарруфаш барорад.
* * *
- Шахси ба нафақа баромада, агар боз ба ягон идораи давлатӣ ба кор дарояд, дар ин ҳолат як дарсад фонди суғуртавии нафақа месупорад ё не?
Абдуназар БЕКНАЗАРОВ ,
сокини ноҳияи Кӯшониён

Тибқи талаботи моддаи 216 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи андози иҷтимоие, ки ба буҷет гузаронда мешавад, барои суғурташавандагон меъёри андози 1 фоиза татбиқ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, шахсе, ки баъд аз баромадан ба нафақа ба яке аз идораҳои давлатӣ ба кор медарояд, дар ин ҳолат  як дарсад фонди суғуртавии нафақа месупорад.
* * *
- Шавҳарам як сол пеш дар Русия вафот кард. Ман кор намекунам ва худам танҳо 4 фарзандамро ба воя мерасонам. Оё барои гирифтани нафақа ва кумакпулӣ ҳуқуқ дорам?

Муродгул  АБДУРАҲМОНОВА,
сокини ноҳияи Тоҷикобод

Дар сурати вафот кардани шавҳар шумо ба гирифтани нафақа ҳуқуқ доред. Ба шарте ки ба нигоҳубини кӯдаконе, ки синнашон ҳанӯз ба ҳашт нарасида бошанд, банд бошед. Дар ягон ҷо кор накунед ва, ҳамчунин, ба синну соли нафақагирӣ нарасида бошед.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2018    №: 45    Мутолиа карданд: 1151
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед