logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар кори маҷлис нахуст аз рӯи масъала “Оид ба Ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2018” гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ шунида шуд.
Таъкид гардид, ки марзи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2018 нисбат ба ҳолати 1 январи соли 2017 бетағйир мондааст. Дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ 6 миллиону 960 ҳазору 741 гектар, аз он 681 ҳазору 413 гектар замини обӣ қарор дорад. Дар соли 2017 майдони 1 ҳазору 720 гектар заминҳои партови обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, ба заминҳои корами обӣ дохил карда шудаанд.
Аъзои Ҳукумати кишвар 8 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”” - ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” қарори дахлдор қабул гардид.
Инчунин, зимни баррасии масъалаҳои рӯзнома лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020”, “Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, «Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” ва “Дар бораи Тартиби гузарондани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ шуданд.
Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020” ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ самтҳои афзалиятнок ва сиёсати ояндаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 - ро муайян намуда, ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии заминавии иҷтимоӣ, инфрасохтори мутобиқ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, ва инчунин, зиёд шудани табақаи миёнаи аҳолии шаҳр заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи ин қарор бо мақсади иҷрои банди 1 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017 баён доштанд, таҳия гардидааст.
Мақсади таҳияи лоиҳаи қарор “Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” такмил додани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлилу банақшагирии фаъолона ҷиҳати таъмини рушди соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба талаботи низоми воридшавӣ ва мутобиқ сохтани соҳаи мазкур ба бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои сайёҳӣ мебошад.
Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ин тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, ҳифзи амният, таҳкими истиқлолият ва ободии Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин, иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои мушаххас доданд.
Супоришҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат, раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар саросари кишвар, бахусус дар пойтахти мамлакат, омодагии ҳамаҷониба ва арзанда ба ҷашну идҳои умумимиллӣ, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ, чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ, ки соли 2018 дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, вусъати корҳои саҳроӣ, дар сатҳи зарурӣ доир кардани кишту кори баҳорӣ, ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани ҳашарҳои умумӣ баҳри таъмини тозагии муҳити зист, дода шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2018    №: 45    Мутолиа карданд: 7793
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед