logo

ҳуқуқ

НАШЪАМАНДӢ. БЕМОРИРО ПЕШГИРӢ МЕБОЯД

Бемории нашъамандӣ яке аз мушкилоти умдаи ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ба ҷони одамон ва солимии ҷомеа таҳдид мекунад. Ин аст, ки дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо низ ҷиҳати пешгирӣ аз нашъамандӣ муборизаи шадид мебаранд. Барои табобати беморони гирифтори нашъамандӣ ва майзадагӣ дар тибби наркологии тоҷик кадом усулҳои хос истифода мешаванд? Вобаста ба ин ва дигар паҳлуҳои масъалаи мавриди назар Рустам Шарипов, муовини директор оид ба корҳои муолиҷавии Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ. Ғуломов, дар суҳбат чунин гуфт:
- Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникӣ - наркологии ба номи профессор М.Ғ.Ғуломов, ки муассисаи пешбари сохтори соҳаи хизматрасонии наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, дар якҷоягӣ бо марказҳои наркологии ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон барои ташхис, пешгирӣ, табобат ва барқароркунии (реабилитатсияи) беморони мубталои нашъамандӣ, майзадагӣ ва заҳрмандӣ ба аҳолӣ хизмати махсуси наркологӣ мерасонанд.
Тибқи маълумот нишондодҳои беморшавӣ ва дардмандӣ дар шаҳри Душанбе ва ВМКБ нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ баланд мебошад. Омӯзиши истеъмоли маводи нашъаовар дар миқёси ҷумҳурӣ нишон дод, ки аз шумораи умумии беморони дар қайд буда, 71,4 дарсадро истеъмолкунандагони ҳероин, 14,5 дарсад афюн, 6,2 дарсад банг ва 7,9 дарсадро беморони бисёрнашъамандӣ ташкил медиҳанд.
Мо дар самти муолиҷаи шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ ғайр аз табобат тавассути доруҳо, боз миёни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба оқибатҳои ин беморӣ пайваста вохӯриву семинарҳои омӯзишӣ ва машваратҳо мегузаронем. Ҳамзамон, усули дигари коҳишёбии нашъамандони ба қайдгирифташуда, ин бо мурури замон аз қайди наркологӣ баровардани онҳо мебошад.
Баъд аз гузарондани табобат дар сохторҳои наркологӣ,  нашъамандонро тавассути меҳнат табобат менамоянд, яъне бо кор машғул медоранд. Ин усул дар давраи табобати офиятбахшӣ дар муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии офиятбахши тиббӣ - иҷтимоии “Тангаӣ” истифода мешавад. Дар муассисаи мо бошад, усули махсуси табобати “безаҳролудгардонии зудамал” истифода мегардад, ки дар хориҷи кишвар ин усул ба роҳ монда нашудааст. Ҳамзамон, бо усули гиёҳдармонӣ низ табобат мекунанд. Беморони нашъаманд зиёда аз 30 дарсадро ташкил медиҳанд. Мутаассифона, дар байни истеъмолкунандагони маводи нашъаовар занону духтарон ҳам ҳастанд.
Табобати бемории нашъамандӣ мушкил ва тӯлонӣ буда, аз 1 то 5 сол давом меёбад. Баъди гузаштани табобати пурра, бештари беморон аз истеъмоли маводи нашъаовар даст мекашанд, вале баъзеи онҳо бо таъсири шахсони бемори дар атрофашонбуда, боз ба истеъмоли он шурӯъ мекунанд. Гузаштан аз муоинаи тиббии ташхиси нашъамандӣ, мисли дигар намудҳои муоинаи тиббии пеш аз ақди никоҳ хеле зарурӣ мебошад. Зеро бармаҳал муайян намудани шахси нашъаманд - ин пешгирӣ аз дигар бемориҳои сироятӣ ва вайроншавии оилаҳои навбунёд низ мебошад.
Сафаргул АЛИМОВА,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2018    №: 46    Мутолиа карданд: 1497
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед