logo

номаҳо

МАРДИ ҚАВЛУ АМАЛ. НОМАИ СИПОС БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз аз Ҷамоати деҳоти Сағирдашт низ дидан намуданд.
Зимни сафарашон Пешвои миллат иншооти сохтмонашон ба итмомрасидаро ифтитоҳ бахшида, хишти аввали бинои сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро барои 620 хонанда гузоштанд.
Президенти мамлакат ҳангоми вохӯрӣ бо сокинони ҷамоат мардумро ба он бовар кунонданд, ки онҳо аз дастгирӣ ва ёрии беғаразонаи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ бенасиб нахоҳанд монд.  Иқлими ин ҷамоати деҳоти баландкӯҳро ба инобат гирифта, барои тоза намудани роҳҳо ҷудо кардани техникаи пуриқтидорро низ ваъда доданд.
Дар ибтидои соли 2018 техникаи ваъдашуда - булдозери тамғаи WD 165Y аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маркази ноҳияи Дарвоз оварда шуд. Чанд рӯз пеш булдозер тавассути ағбаи Хобу Рубот 45 километр роҳро аз барфу санг тоза намуда, вориди Ҷамоати деҳоти Сағирдашт гардид.
Ворид шудани булдозер ба Ҷамоати деҳоти Сағирдашт мушкилоти ин мардумро, ки солҳои пешин 5 - 6 моҳ то ба маркази ноҳия роҳашон  баста мешуд ва мардум дар рӯзҳои сербарфу борон тавассути ноҳияи Сангвор ба маркази ҷумҳурӣ ва аз марказ тавассути роҳи Шикеф Зиғар бо азобу машаққат ва хароҷоти зиёд ба маркази ноҳияи Дарвоз мерафтанд, ҳаллу фасл гардид.
Сокинони  Ҷамоати деҳоти Сағирдашт аз ин хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро якдилона ва дастаҷамъона пайгирӣ менамоянд. Пирони барнодил дар ҳаққи Сарвари маҳбубу дилсӯзи халқу Ватан дуои нек менамоянду наврасон ба ояндаи неки он бо бовар ва дили гарм назар меафкананд. 
Кабир РАҲИМОВ,
сокини Ҷамоати деҳоти Сағирдашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2018    №: 46    Мутолиа карданд: 1344
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед